расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар вилояти Ленинград қарор шуд, ки тоҷикистонии интизори ихроҷро ба ҷанг мефиристанд

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Дар вилояти Ленинград қарор шуд, ки тоҷикистонии интизори ихроҷро ба ҷанг мефиристанд

Ҳарчанд ӯ дар бораи хидмат дар артиши Русия қарордод набастааст.Мақомоти Русия тасмим гирифтанд, ки тоҷикистонии тибқи қарори суд интизори ихроҷ ба ватанро ба ҷанг мефиристанд; ин шаҳрванди хориҷӣ чандин бор муқоибили иштирокаш дар амалиёти ҷангӣ изҳори назар кардааст. Дар ин бора маҷаллаи “Холод” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, рӯзи 30 май шаҳрванди Тоҷикистон Далерҷон ва боз якчанд хориҷиёнро ба қисми ҳарбӣ дар вилояти Ленинград овардаанд. Шаҳрванди Тоҷикистон ба маҷалла изҳор доштааст, ки ӯ барои хидмат дар артиши Русия қарордод имзо накардааст.
“Дар қисми ҳарбӣ гуфтанд, ки аз номи мо аллакай ҳамааш имзо шудааст. Ман ба ҷанг рафтан намехоҳам, ба онҳо гуфтам, ки ба хона меравам. Онҳо посух доданд, ки танҳо пас аз зиндон ба хона рафта метавонам”, - гуфтааст Далерҷон.
Ба гуфтаи Далерҷон, шиносномаашро аз ӯ гирифтаанд. Илова бар ин, ӯ зикр кардааст, ки дар қисми ҳарбӣ шаҳрванди Ӯзбекистон низ қарор дорад, ки ӯ ҳам намехоҳад дар ҷанг иштирок кунад.
Далерҷон бо консулгарӣ ва сафорати Тоҷикистон дар робита шуда натавонистааст.
Тайи 25 рӯзи ахир Далерҷон пас аз боздошт дар маркази нигаҳдории муваққатии хориҷиён дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград қарор доштааст. Дар марказ ӯро “бе ҳеҷ гуна шарҳ” маҷбур кардаанд, ки кадом як ҳуҷҷатеро имзо кунад. Пас аз имзои ҳуҷҷатҳо кормандони комиссаритати ҳарбӣ барои бурдани хориҷиён омадаанд.
Шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи 4 май боздошт кардаанд. Кормандони БДА мошини ӯро барои санҷиши ҳуҷҷатҳо дар вилояти Ленинград боздоштаанд. Далерҷон ҳуҷҷати иҷозатномаи иқомат дар Русияро надоштааст.
Рӯзи 5 май суди шаҳри Кингисеппски вилояти Ленинград ӯро дар мустақилона тарк накардани қаламрави Русия гунаҳкор дониста, қарор кардааст, ки аз Русия ихроҷ шавад. Ба Далерҷон ҳамчунин дар ҳаҷми 3 ҳазор рул ҷарима таъин шудааст.
Қаблан низ хабарҳои маҷбур кардани шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати иштирок дар ҷанг дар қаламрави Русия расонаӣ шуда буд. Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи башар гуфта буд, қабл аз эълони сафарбарӣ ба ӯ аз шаҳрвандони хориҷӣ, ки мансабдорон мехостанд ба артиш ҷалб кунанд, ҳазорон арзу шикоят расидааст.
Бино ба маълумоти Чупик, кормандони маркази муҳоҷират бо як нақшаи қаллобӣ шаҳрвандони хориҷиро ба артиш фаъолона ҷалб мекарданд.
Рӯзи 25 май маълум шуд, ки Русия хуруҷи шаҳрвандони дорои душаҳрвандии Тоҷикистонро манъ кард. Тоҷикистониёне, ки ҳамзамон шаҳрвандии Русияро доранд, аз манъи хуруҷ аз кишвар шикоят карданд. Дар баробари ин, ба онҳо фиристодани даъватномаҳои электронӣ шурӯъ шуд.

asiaplus

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.