расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Шарҳи Кобулов дар мавриди дурнамои вазъ дар марзи Эрону Афғонистон

Асосӣ / Ҳаводис

Шарҳи Кобулов дар мавриди дурнамои вазъ дар марзи Эрону Афғонистон

Фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон назарашро дар мавриди дурнамои ташаннуҷи вазъ миёни Кобулу Теҳрон баён дошт

Русия хатари авҷ гирифтани даргириҳо дар марзи Эрон ва Афғонистонро намебинад.
Ин нуктаро намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, мудири департаменти дувуми Осиё дар вазорати умури хориҷаи кишвар, Замир Кобулов дар суҳбат бо РИА "Новости" баён доштаст.
"Фикр намекунам, ки чунин хатар вуҷуд дошта бошад. Чунин ҳодисаҳо қаблан низ бе оқибатҳои дарозмуддат рух дода буданд", - гуфтаст Кобулов дар посух ба саволи марбута.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран даргирӣ дар марзи Афғонистону Эрон рух дод, ки аз ҳарду ҷониб куштаю маҷруҳон барҷой гузошт. Теҳрон гуфт, чунин даргириҳо ба нафъи ягон тараф нест.
Фармондеҳи қушунҳои хушкигарди артиши Эрон, генерал Каюмарс Ҳайдарӣ изҳор дошт, ки феълан артиши кишвараш амнияти сарҳад бо Афғонистонро пурра таъмин мекунад, навишт хабаргузории Tasnim.
"То даме, ки кишвари муқобил, ки бо мо марзи муштарак дорад, қоидаҳоро эҳтиром мекунад, эҳтироми мутақобила хоҳад дид, аммо агар касе эҳсос кунад, ки онҳо намехоҳанд ба қоидаҳо итоат кунанд, бо онҳо бархӯрдҳои дигар хоҳанд шуд", - гуфтаст фармондеҳ.
Задухӯрд миёни марзбонони эронӣ ва толибҳо дар посгоҳи Сосулӣ дар устони Сиистону Балуҷистони Эрон рух дод. Ба иттилои нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, як сарбоз кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд.
Толибҳо низ талафот доданд, аммо дар мавриди теъдоди кушташудаю маҷруҳон дақиқан хабар дода нашудааст.

sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • lalala | Гости

    La montre est un accessoire important dans la vie de tous les jours. Il n’est pas surprenant que la plupart des gens recherchent des montres qui sont à la fois pratiques et élégantes. Les montre replique sont l’option parfaite pour ces personnes. Montre replique sont des répliques exactes des montres classiques et sont faites avec des matériaux de haute qualité. Elles sont également très abordables et offrent une grande variété de styles.
    Tag Heuer replique
    Omega replique
    Hublot replique
    replique montre

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.