расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Зеленский аз эълони ҳамлаи ҷавобӣ метарсад

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Зеленский аз эълони ҳамлаи ҷавобӣ метарсад

Бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия аз артиши Украина ба маротиб бештаранд ва муҷаҳҳазтаранд

Президенти Украина Владимир Зеленский эълони ҳамлаи ҷавобӣ дар Донбассро ба таъхир меандозад, зеро ба пирӯзии артиши Украина шубҳа дорад, менависад Asia Times.
"Он новобаста аз муҷаҳҳаз шудани артиши Украиана бо аслиҳаи амрикоӣ ва аврупоӣ, аз ҷумла танкҳои "Леопард" тағйир меёбад, зеро Украина наметавонад дар ҳаво ҷанг кунад ва силоҳҳои ғарбӣ бо сабаби нокомии сигналҳо хуб кор накунанд", - қайд мекунад нашрия.
Тавре муаллифи матлаб афзудааст, бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки нирӯҳои Русия аз нерӯҳои Украина ба таври қобили мулоҳиза бештар ва таҷҳизоти беҳтаре доранд.
Нашрия таъкид кардааст, ки дар ҳайатҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина нав ҷалбшудаҳои зиёде ҳастанд, ки бояд дар ҳамлаи эҳтимолӣ ширкат кунанд ва ин "роҳи беҳтарини оғози амалиёти бузург нест".
Ба гуфтаи гузоришгарон, ба артиши Украина кадрҳои хуб омодашуда намерасад.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.

Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.