расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Шойгу: ИМА мехоҳанд ҷангҷӯёни афғонро барои ноором кардани Осиёи Марказӣ истифода кунанд

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Шойгу: ИМА мехоҳанд ҷангҷӯёни афғонро барои ноором кардани Осиёи Марказӣ истифода кунанд

Вазири дифои Русия дар нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви СПАД дар Минск аз дахолати Ғарб ба умури дохилии Афғонистон изҳори нигаронӣ кард

Амрико ният дорад аз зарфиятҳои ҷангҷӯёни афғонистонӣ барои ноором кардани вазъ дар Осиёи Марказӣ истифода намояд.
Дар ин бора, вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви СПАД дар Минск изҳор дошт.
"Таҳдиди асосӣ аз гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ аст, ки пас аз ба қудрат расидани толибҳо* мавқеъҳои худро дар ин кишвар ба таври қобили мулоҳиза таҳким бахшидаанд", - гуфт ӯ.
Илова бар ин, вазири дифои Русия аз дахолати кишварҳои Ғарб ба умури дохилии Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.
"Мо боварӣ дорем, ки Иёлоти Муттаҳида тасмим дорад аз зарфиятҳои ин созмонҳои террористӣ барои ноором кардани вазъ дар минтақа истифода кунад", - қайд кард Шойгу.
Вай зикр кард, ки "бо ин мақсад интиқоли ҷангҷӯёни гурӯҳҳои назоратмешуда аз Ховари Миёна ба Афғонистон сурат гирифтааст."
"Дар оянда вуруди онҳо ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, барои содир кардани амалҳои террористӣ имконпазир аст", - таъкид кард Шойгу.
Ба гуфтаи вай, бояд талошҳо дар самти Афғонистон ҳамоҳанг шавад.
"Дар ин шароит мо муҳим медонем, ки таваҷҷуҳи зарурӣ ба машқҳои муштарак ва ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар шаклҳои бисёрҷониба дода шавад", - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Сергей Шойгу таъкид кард, ки "ба ҷои эҳёи Афғонистон пас аз хуруҷи фаврӣ аз Кобул, кишварҳои НАТО бо роҳҳои мухталиф талош доранд ҳузури низомии худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ барқарор кунанд".
"Мо инро як таҳдиди мустақим ба субот ва дар маҷмуъ ба тамоми фазои СПАД мешуморем", - хулоса вазири дифои Русия.
Қаблан вазирони дифои Русия ва Белорус санадеро имзо карданд, ки тартиби нигаҳдории силоҳи ҳастаии ғайристратегии Русияро дар як анбори махсус муайян мекунад.
Ба гуфтаи Шойгу, чораҳои татбиқшаванда "ба тамоми ӯҳдадориҳои ҳуқуқии мавҷудаи байналмиллалӣ мувофиқат мекунанд".

sputnik.tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • lalala | Гости

    La montre est un accessoire important dans la vie de tous les jours. Il n’est pas surprenant que la plupart des gens recherchent des montres qui sont à la fois pratiques et élégantes. Les montre replique sont l’option parfaite pour ces personnes. Montre replique sont des répliques exactes des montres classiques et sont faites avec des matériaux de haute qualité. Elles sont également très abordables et offrent une grande variété de styles.
    replique panerai
    replique cartier
    replique breitling
    replique omega

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.