расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Раҳмону Мирзиёев таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Асосӣ / Президент

Раҳмону Мирзиёев таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳолат ва дурнамои робитаҳои ду кишварро дар сатҳу соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби "Осиёи Марказӣ-Чин" баррасӣ намуданд

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои ӯзбекистонияш, Шавкат Мирзиёев дар ҳошияи саммити якуми "Осиёи Марказӣ-Чин" мулоқот анҷом доданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар рафти вохӯрии самимӣ маҷмуи васеи масоили дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои онро барои таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон неку назаррас арзёбӣ намудаст.
"Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои робитаҳои ду кишварро дар сатҳу соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби ҳамоиши "Осиёи Марказӣ-Чин" муҳокима карданд", - омадааст дар иттилоия.
Ин мулоқот дар ҳоле сурат гирифт, ки ба иттилои мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар бахшҳои мухталиф дар ҳоли рушд қарор доранд.
Ахиран дар шаҳри Тошканд, ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо иштироки сарвазирони ҳар ду давлат баргузор шуд, ки ҳадафи он таҳкими боз ҳам бешари ҳамкориҳо арзёбӣ гардид.
Дар ин мулоқот аз ҷумла барои андешидани тадбирҳо барои афзоиши гардиши мол, пешбурди лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, истихроҷи маъдан, нассоҷӣ ва дигар соҳаҳо бо ҷалби маблағгузории ширкатҳои сармоягузори Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Аз ҷумла нақшаи муштараки чорабиниҳо оид ба ташкили минтақаи озоди саноатию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар нуқтаҳои сарҳадгузари "Фотеҳобод"-"Ойбек" ва Нақшаи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Ӯзбекистон тасдиқ карда шуд.

sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • kkkk | Гости

    Les femmes ont souvent une collection de sacs, adaptés à chaque occasion. Il y a le sac à main faux sac qui est à la fois pratique et chic, idéal pour une sortie en ville ou une soirée. Il existe également le sac à dos, plus décontracté, parfait pour Prada sac replique une balade en plein air ou une excursion. Et n'oublions pas le sac de voyage, spacieux et fonctionnel, pour partir en vacances avec tout le nécessaire replique sac Les hommes aussi ont leur propre gamme de sacs. Le sac bandoulière est très populaire, offrant à la fois confort et praticité. Il peut être utilisé pour transporter des documents, un ordinateur portable ou Replica Taschen China même comme sac de sport. Le sac en cuir est également très apprécié, donnant une touche de sophistication à n'importe quelle tenue.

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.