расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эмомалӣ Раҳмон вориди Чин шуд: президентро чӣ гуна пешвоз гирифтанд?

Асосӣ / Президент

Эмомалӣ Раҳмон вориди Чин шуд: президентро чӣ гуна пешвоз гирифтанд?

Ба хотири пазироии кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон горди фахрӣ саф ороста, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Чин партавафшонӣ карданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Чин шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии кишвардор.
Гуфта мешавад, ки дар фурудгоҳи Пекин, ки идона ороста шуда буд, кишвардорро намояндагони воломақоми ҳукумати кишвари ҳамсояи Чин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Интизор меравад, ки дар ин сафар, Эмомалӣ Раҳмон бо раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин, роҳбарони воломақоми ҳукумати ин кишвар ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи чинӣ мулоқот кунад.
Мавзуи асосии гуфтугӯҳо таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ хоҳад буд, меафзояд манбаъ.
Ҳамчунин, дар доираи сафари давлатӣ, президент дар ҳамоиши сатҳи баланди саммити якуми "Осиёи Марказӣ-Чин" ширкат мекунад.
Президентро дар сафар ёвараш дар умури робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси КДАМ, раисони кумитаҳои телевизион ва радио, бехатарии озуқаворӣ, президенти Академияи миллии улум ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд.
Қаблан намояндаи расмии ВУХ-и Чин Хуа Чунъин, иттилоъ дода буд, ки сафари сарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз 16 то 20 май дар сурат мегирад.
Мавзеи ҳамоиши сарори кишварҳои Чин ва Осиёи Марказӣ шаҳри Сиан гуфта шуда, интизор меравад, нишаст рӯзҳои 18-19 май дар музофоти Шэнси таҳти раёсати Си Ҷинпин баргузор гардад.

Манбаъ

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • cococ | Гости

    Genuine products in the Gucci are very pricey. Therefore for your pricey character of genuine products, reasonable replica Gucci handbags are becoming popular daily. The reasonable cost in the replica Gucci helps it be very popular in the marketplace. Everyone can purchase it along with reasonable price. Thus these replica handbags are extremely famous with female around the world.
    replica bags cheap
    beste replica taschen
    replique sacs pas cher
    replicas de bolso
    replica borse
    repliki louis vuitton
    Cheap Jerseys Market


  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.