Аз субҳонаи ғайрирасмӣ то тамошо аз минбар: Раҳмон дар Маскав.

Қариб тамоми роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гузашти ҳарбиро дар Майдони Сурх тамошо хоҳанд кард.
Дар баробари ин субҳонаи ғайрирасмии роҳбарон ба нақша гирифта шудааст, изҳор дошт сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков тариқи телевизиони "Россия 1".
Ба иттилои манбаъ, дар баробари президенти кишвари мизбон, Владимир Путин гузашти низомиёну техникаи ҳарбиро аз минбар дар Майдони Сурх қариб ҳамаи роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ назорат хоҳанд кард.
Оғози гузашти ҳарбӣ соати 10:00 бо вақти Маскав ба назар гирифта шудааст. Ба нақша гирифта шудааст, ки Путин дар ин ҳамоиш суханронӣ мекунад.
Бар асоси барнома, дар назар аст, ки роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ дар Маскав ба оромгоҳи сарбози номаълум гулчанбарҳо мегузоранд.
sputnik-tj