расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Суханронии Президент аз заминҳои обии бекорхобида дар Хатлон: гуноҳ дорад ва ҳатто ҷиноят аст

Асосӣ / Президент

Суханронии Президент аз заминҳои обии бекорхобида дар Хатлон: гуноҳ дорад ва ҳатто ҷиноят аст

Дар вилояти Ҳатлон бештар аз 14 ҳазор гектар заминии обии бекорхобида будааст, ки кишт нашудани он норозигии раисҷумҳурро ба миён овард

Дар ҷаҳон эҳтимоли такрор шудани болоравии нархи молу маҳсулот дар бозорҳо имконпазир аст.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон зимни суханронияш дар ҳузури фаъолони ивлояти Хатлон ҳушдор додааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Ба гуфти вай, ба ин буҳронҳои сиёсӣ дар миқёси сайёра, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, канда шудани занҷираҳои мавҷудаи интиқоли молҳо, тағйирёбии иқлим сабаб шудааст.
Президент дар такя ба маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ гуфт, ки соли 2023 нисбат ба солҳои пешин аз нигоҳи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ боз ҳам вазнинтар шуда, истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон нисбат ба солҳои қаблӣ кам мегардад ва шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар мерасад.
“Таъкид менамоям, ки тибқи таҳлилу хулосаи коршиносон ин давраи ҳассос дарозмуддат ва оқибатҳои он пешгӯинашаванда арзёбӣ мегарданд”, - гуфт раисҷумҳур.
Ба гуфтаи ӯ, дар чунин вазъ деҳқонони кишвар ҳарчӣ бештар бояд кор кунанд, аммо бо вуҷуди он ки дар семоҳаи аввали соли 2023 маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон 41% ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии кишварро ташкил додааст, вале тибқи таҳлилҳо имкониятҳои соҳа ҳоло ҳам пурра истифода нагардидаанд.
Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, дар вилоят имконияти зиёд намудани майдони кишт аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои партов, бахусус, заминҳои обии бекорхобида мавҷуд мебошад.
Дар вилоят қариб 16 ҳазор гектар заминҳои партов, аз ҷумла 14,4 ҳазор гектар заминҳои обӣ мавҷуданд, ки чунин вазъ хеле нигаронкунанда мебошад.
“Такроран таъкид менамоям, ки дар шароити бисёр вазнини имрӯза роҳ додан ба бекор мондани замин гуноҳ дорад ва ҳатто ҷиноят аст”,- гуфт президент.
Раисҷумҳур аз аҳолии кишвар хостааст, ки барои рӯёнидани се – чор ҳосил диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Махсусан, ба кишти картошка, лӯбиёгиҳо ва сабзавот, аз ҷумла пиёз, ки дар бозори дохилӣ ва минтақа талабот ба онҳо зиёд мебошад, инчунин, ба масъалаи захираи маҳсулот барои фасли тирамоҳу зимистон эътибори ҷиддӣ дода шавад, таъкид кард кишвардори Тоҷикистон.

sputnik-tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.