расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Мавлавӣ Ҳайбатулло гуфт, ҷиҳод дар Афғонистон хотима намеёбад

Асосӣ / Ҷаҳон

Мавлавӣ Ҳайбатулло гуфт, ҷиҳод дар Афғонистон хотима намеёбад

Мавлавӣ Ҳайбатулло Охунд, роҳбари Толибон* зимни суханронӣ дар назди уламои ислом аз Кобул гуфт, истиқрори шариат дар Афғонистон танҳо марҳалаи аввали ҷиҳоди муваффақи Толибон аст. Ба гуфтаи вай, дар оянда Толибон ва уламои афғон муваззафанд, ки тамоми ҷаҳонро ба сӯи мудирияти шариат раҳнамоӣ кунанд.
Ба ин тартиб, раҳбари Толибон рӯшан гуфт, ки ҷиҳоди ҷангҷӯёнаш танҳо дар қаламрави Афғонистон хотима нахоҳад ёфт, менависад Андрей Серенко, сиёсатшинос ва коршиноси умури Афғонистон, дар ҳафтаномаи “Независимая газета”.
Баёнияҳои ҳангомаангези Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ чанд рӯз пеш, пас аз ифшо шудани нукоти аслии суханронии ӯ дар бахши афғонистонии шабакаҳои иҷтимоӣ, ошкор гардид. Ба ин тартиб, изҳороти амири Толибон иддаои бисёре аз сиёсатмадорон, дипломатҳо ва коршиносонро, ки тӯли чанд сол афкори ҷомеаро итминон медоданд, Толибон гӯё ҳадафҳои ҷаҳонии ҷиҳодӣ надоранд, ботил сохт.
То ин лаҳза коршиносон мегуфтанд, бар хилофи Давлати исломӣ, Толибон гӯё мехоҳанд, танҳо дар Афғонистон “низоми исломӣ” эҷод кунанд ва онҳо ба густариши ҷиҳод машғул нестанд. Аз ин рӯ, бо низоми Толибон ба ҳайси тарҳи ҷиҳоди муътадил ҳамкорӣ кардан мумкин аст.
Амири Толибон ин иддаъо ва арзёбиро комилан рад кард.
“Муваффақияти ҷиҳоди Афғонистон ифтихору шараф на танҳо барои афғонистониҳо, барои тамоми мусулмонон аст, ин орзуи мусалмонони саросари ҷаҳон аст. Масъулияти шумо на танҳо барои истиқрори шариат дар Афғонистон аст, балки уламои Афғонистон низ вазифадоранд, ки тамоми ҷаҳонро ба суи мудирияти шариат раҳнамоӣ кунанд”, - гуфт Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охунд дар суханронии худ назди уламои дини Кобул.
Мавзӯи муҳиммияти риояи шариат на танҳо дар Афғонистон, балки берун аз марзҳои он низ дар суханронии Ҳайбатуллоҳ Охунд мавқеи хос дошт.
Нуктаи дигари муҳим дар суханронии Мавлавӣ Ҳайбатулло ин инкори таъсиси “ҳукумати фарогир” дар Афғонистон буд. Чизе ки тӯли беш аз якуним сол аст намояндагони СММ, ИМА, Русия, Чин, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Миёна аз низоми Толибони тақозо доранд.
Ҷолиби диққат аст, ки то ин замон баъзе дипломатҳои амрикоӣ ва рус хушбинона изҳори назар карда, афкори ҷомеаро ба он банд медоштанд, ки Толибон дер ё зуд ба таъсиси ҳукумати фарогир розӣ хоҳанд шуд ва намояндагони гурӯҳҳои асосии этникӣ-сиёсии кишварро ба он шомил хоҳанд кард.
Мавлавӣ Ҳайбатулло возеҳ гуфт, ки ҳамаи ин умедҳо беҳудаанд ва ба зарурати риояи шартҳои афви намояндагони низоми ҷумҳурият, ки моҳи августи соли 2021 аз сӯи Толибон сарнагун шуда буд, таъкид кард.
“Ҳеҷ кадоме аз мо иҷоза ҳақ надорем, ки афроди низоми собиқ барои ҷиноятҳои гузаштаашон муҷозот шаванд. Агар касе ин корро кунад, дар додгоҳ муҳокима хоҳад шуд. Ман барои додгоҳҳо дар ин бора дастурҳои дақиқ дорам. Ҳамчунин, ба ҳайати ҳукумат шомил кардани ин гуна афрод низ қобили қабул нест, чун ин ба эҳсоси онҳое, ки аз аъмоли кормандони собиқи низом ҷабр дидаанд нохун мезанад. Инчунин, ин гуна афрод аллакай мавриди озмоиш қарор гирифта ва ноком шуданд. Аз ин лиҳоз, аз додани вазифаи давлатӣ ба кормандони собиқи низом худдорӣ кунед”, - гуфт Мавлавӣ Ҳайбатулло.
Модели нави Толибон
Зимни ин суханронӣ амири Толибон модели идораи Афғонистонро муаррифӣ кард, ки қасд дорад эҷод кунад.
Ба гуфтаи ӯ, “шариати ҳақиқӣ” танҳо бо гирди ҳам овардани уламои дин ва “ҳокимон”, яъне маъмурони Толибон амалӣ мешавад: “Ҳокимияти шаръӣ танҳо аз ду гурӯҳ иборат хоҳад буд. Якум, ҳокимон, ки аллакай дар қудрат ҳастанд ва дуввум, олимон”.
Мавлавӣ Ҳайбатулло бар зарурати шомил кардани уламои дин ба ҳар як ниҳоди роҳбарикунандаи “ҳукумати муваққат”-и феълии Кобул таъкид кард ва гуфт, ин имкон медиҳад, “назорати ҳокимон ва риояи беҳтари шариат" ба роҳ монда шавад.
Ба гуфтаи ӯ, “олимон бояд дар додгоҳҳо, вазоратхонаҳо, маъмурияти вилояту навоҳӣ ҳузур дошта бошанд”. Ӯ гуфт, бидуни иштироки уламо Толибон наметавонанд дар Афғонистон “низоми исломӣ”-и комилро ба вуҷуд оранд.
“Ҳоло, ки вақти ҷорӣ кардани шариат расидааст, Толибон намедонанд, ки ин корро чӣ тавр кунанд. Аммо олимон метавонанд ин корро амалӣ намоянд, зеро онҳо ҳама (меъёр ва муқаррароти динӣ)-ро медонанд”, - гуфт ӯ.
Ҳайбатуллоҳ Охунд ба мақоми вижаи сиёсии худ дар “низоми исломӣ”-и Афғонистон низ таъкид кард: “Ман сиёсатмадор ё раҳбари фиребгар нестам, ки бояд дурӯғ бигӯяд, то шӯҳрат пайдо кунад. Пас, агар маро раҳбари худ хонед, ба гуфтаҳои ман итоат мекунед ва агар аз шумо рафтанро талаб кунам, пас меравед”.
Коршиносон хитоби ахири амири Толибонро паёме ба вазирони шӯҳратпарасти ин гуруҳ, пеш аз ҳама, сарпарасти вазорати дифоъ Мулло Яъқуб ва сарпарасти вазорати умури дохила Сироҷиддин Ҳаққонӣ арзёбӣ карданд, ки саъй дорад дар паси парда бо шарикони хориҷӣ музокира кунад ва аз баъзе тасмимҳои Мавлавӣ Ҳайбатулло интиқод кунад.
Аз ҷумла, сухан дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқи занон дар Афғонистон барои таҳсил ва кор меравад. Маълум аст, ки дар ин масъала мавқеи, масалан, Сироҷиддин Ҳаққонӣ, на ба мавқеи амири Толибон, балки бо талабҳои намояндагони ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо мувофиқат мекунад.
Кор ба ҷое расид, ки чанд моҳ пеш сиёсатшиноси амрикоӣ Шерил Бернард, ҳамсари собиқ намояндаи вижаи Амрико дар Афғонистон Залмай Халилзода, ошкоро тавассути расонаҳо аз Ҳаққонӣ даъват кард, ки дар Афғонистон табаддулот анҷом диҳад ва гуруҳи фундаменталистонро бо сардории Мавлавӣ Ҳайбатулло сарнагун кунад.
Дере нагузашта амири Толибон эълон кард, ки як дастаи посбонии шахсии иборат аз 40 000 нафарро таъсис додааст ва он дар баробари артиш ва нерӯҳои пулиси таҳти назорати Мулло Яъқуб ва Сироҷиддин Ҳаққонӣ мувозинатро нигоҳ медорад.
Ишорае, ки Ҳайбатуллоҳ фиристодааст, шояд маънои онро дошта бошад, ки бо анҷоми раванди таъсиси дастаи посбонони амир, ӯ шояд тағйироти раҳбарияти ниҳодҳои амниятии ҳукумати Толибонро тақозо кунад.
Ҳамакнун, суоли аслӣ ин аст, ки Мулло Яъқубу Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва шарикони хориҷии ғайрирасмии онҳо ба ин тақозои амири худ чӣ гуна бархӯрд хоҳанд кард.

asiaplus

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • LobbistBot | Гости

    Найдите меня в Telegram! Привет, меня зовут Лоббист, моя ссылка: t.me/LobbistBot, и вот что меня делает лучшим сервисом для твоего бизнеса: Заказчикам и поставщикам: + Поиск поставщиков и лучших предложений + Поиск заказчиков + Сервис продвижения вашего продукта на всех площадках + Сервис поиска сотрудников Маркетологам: + Создание и администрирование сайтов( более 1000 шаблонов) + Создание и администрирование ботов( более 20 шаблонов) + Сервис рассылок (На всех площадках) + Настройка контекстной рекламы (Яндекс) + Настройка рекламы на площадках (Популярных площадках) Бухгалтерам и юристам: + Шаблоны документов бух. и юр. учета + Подготовка и сдача отчетов в Гос.Органы + Помощник по 115 Ф.З.; Гос.Закупкам; Эквайрингу; + Помощник по коммерческим спорам Коллективу: + Подбор расходников с персональными скидками + Подборка курсов по повышению квалификации + Кэшбэк сервис + Бесплатный онлайн кинотеатр Остаётся сделать: - Пригласить более 100 000 подписчиков, t.me/LobbistBot Поэтому, жду тебя Telegram прямо сейчас

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.