расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Идомаи ҷустуҷӯи ҷасадҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Асосӣ / Ҳаводис

Идомаи ҷустуҷӯи ҷасадҳо дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Ҷасади ду мусофири зери тармамонда дар роҳи Душанбе-Чаноқ то ҳол пайдо нашудааст. Мақомот мегӯянд, эҳтимол на як, балки ду мошин рӯзи 26-уми феврал дар наздикии нақби "Шаҳристон" зери тарма рафта бошанд.

Масъулини бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Айнӣ рӯзи 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзи гузашта ҷасади ду нафар як мард ва як занро пайдо карда, ба ноҳияи Шаҳристон фиристоданд. "Ҳозир кофтукоби ҷасадҳои дигар идома дорад, дар таги тарма маълум нест. Гуруҳи зудамал аз вилоят ҳам омадаанд",-афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ба иттилои ширкати Инновейтив Роуд Солюшнз, ки масъулии нигоҳбини роҳ буда, аз ронандагон маблағ мегирад, ҳодиса 26-уми феврал "дар километри 157-уми роҳи Душанбе-Чаноқ” рух додааст".
Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳристон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар пайи фаромадани тарма як нафарро дар ҳолати вазнин ба беморхона оварданд. Ба гуфтаи масъулини бемористон, Кибриё Худойбердиева, сокини 37-солаи ноҳияи Қубодиён дар ҳолати вазнин аст.
"Осеби кушодаи косахонаи майнаи сар дорад, пояш шикастааст ва дар фарқи сараш ҳам захмҳо ҳаст. Дар шуъбаи эҳё аст ва аҳволаш вазнин мебошад. Дирӯз оварданд, ҳама ҷояш пури барф буд. Ду ҷасадро дирӯз оварданд ва онҳо дар сардхона ҳастанд",-афзуд ҳамсӯҳбати мо дар Бемористони ноҳияи Шаҳристон.
Мақомот шахсияти афроди фавтида дар ҳодисаи дирӯзро эълон накардаанд. Ҳамсуҳбатони мо дар бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Шаҳристон гуфтанд, эҳтимол рӯзи гузашта ду мошин дар наздикии нақби "Шаҳристон" зери тарма монда бошанд. Дар ширкати IRS ҳам гуфтанд, чунин фарзияе ҷой дорад.
Дар пайи фаромадани тарма рафтуо дар роҳи самти Душанбе-Хуҷанд рӯзи 26-уми феврал маҳдуд шуда буд ва танҳо нимашаби гузашта роҳро кушоданд.
Зимистони имсол дар Тоҷикистон барфи камсобиқа борид ва тармаҳо ҷони чандин нафарро гирифт. Аз ҷумла санаи 15-уми феврал як ронанда дар роҳи Душанбе-Чаноқ зери тарма монда, ҷонашро аз даст дод.
Инчунин тарма дар як моҳи ахир қариб 20 сокини шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ванҷро қурбон кард. Мақомот аз сокинон хостаанд, ки дар рӯзҳои барфу боронгарӣ безарурат сафар накунанд.

ozodi

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.