расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Таътили зимистона дар Тоҷикистон ва даъвати вазорати маориф аз волидон

Асосӣ / Ҷомеа

Таътили зимистона дар Тоҷикистон ва даъвати вазорати маориф аз волидон

Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд

Аз 1 январи соли 2023 муҳассилини тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили зимистона мебароянд.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, таътили зимистона 10 рӯз давом хоҳад кард.
"Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки 11 январ дар тамоми мактабҳо дарсҳо дигарбора оғоз гардиданд.
Мақомоти бахши маориф эълон карданд, ки дар таътили зимистона хонандагон ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷалб мегарданд.
Вазорати маориф ва илм аз волидон даъват намудаст, ки дар таътили зимистона фарзандонашонро беназорат нагузоранд ва намонанд, ки онҳо вақташонро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда сарф намоянд.
Инчунин даъват шудааст, ки аз оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти муҳассилин дар кӯчаю марказҳои интернетӣ ҷилавгирӣ шавад.
Вазорат таъкид намудаст, ки таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни "Муаллими сол", гузаронидани маҷлисҳои падару модарон ва чорабиниҳои таълимӣ машғул хоҳанд шуд.

sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.