расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Раиси КДАМ-и Тоҷикистон ба Афғонистон рафт

Асосӣ / Сиёсат

Раиси КДАМ-и Тоҷикистон ба Афғонистон рафт

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон рӯзи 10 сентябр ба Кобул, пойтахти Афғонистон сафар карда ва бо Асадуллоҳ Холид, сарпарасти вазорати дифои миллии Афғонистон дидор кардааст.
«Ду тараф дар ин дидор дар бораи ҳамкориҳои сарҳадӣ, мубориза бо терроризм ва мавзӯи сулҳ гуфтугӯ карданд”, — хабар додааст Самира Мойил, рузноманигори афғон бидуни овардани ҷузъиёт.
Тафсилоти дигар дар бораи ҳадафи сафари Ятимов ба Кобул ва мавзӯъҳову натиҷаҳои диду боздидҳояш бо мақомоти Афғонистон ҳанӯз дастрас нест.
Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки як моҳ баъд – рӯзи 11 октябр – дар Тоҷикистон интихоботи навбатии президентӣ доир мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон қаблан борҳо гуфтаанд, ки аз самти Афғонистон аз ҷониби гуруҳҳои тундрави мазҳабӣ эҳсоси эҳтимоли таҳдид ба амнияти Тоҷикистонро мекунанд.
Афғонистон бо Тоҷикистон қариб 1400 километр марзи муштарак дорад, ки қад-қади дарёи Панҷу Омӯ мегузарад ва ба далели релефи мушкили кӯҳистониаш ҳифозати пурраи ин марзи тӯлонӣ имкон надорад

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.