расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Муовини нави вазири корҳои дохилии Тоҷикистон кист?

Асосӣ / Сиёсат

Муовини нави вазири корҳои дохилии Тоҷикистон кист?

Муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ иваз шуд.


Эмомалӣ Раҳмон ба Бароталӣ Ҳамидзода мукофот тақдим мекунад, акс аз бойгонӣ, соли 2015
Сурат: хадамоти матбуоти сарвари давлат

Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон зери имзои раиси ҳукумат, президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон Маҳмадсаид Саидзода аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ озод шуда, ба ҷойи ӯ акнун собиқ сардори Воҳиди махсуси ВКД-и кишвар Бароталӣ Ҳамидзода ба ин мансаб таъин шуд.

Бароталӣ Ҳамидзода 11 ноябри соли 1967 таваллуд шудааст. Дорои маълумоти олӣ аст. Аз соли 1989 дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ хизмат мекунад.

Фаъолияти хизматиашро ба сифати нозири ҳаракат дар роҳи БДА оғоз намуда, ба сифати роҳбари шуъбаи Хадамоти посбонии роҳи ШБДА, сардори шуъбаи Нозироти техникӣ ва сардори баталёни махсуси Хадамоти посбонии роҳи ШБДА кор кардааст.

Бароталӣ Ҳамидзода
Ҳамчунин ба ҳайси муовини сардори Раёсати корҳои дохилӣ, муовини сардори РБДА ВКД, сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Тоҷикитсон фаъолият дошт. Дорои рутбаи генерал-майори милитсия аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.