расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ду моҳ муҳлат: Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дурбинҳо насб мешаванд

Асосӣ / Сиёсат

Ду моҳ муҳлат: Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дурбинҳо насб мешаванд

Дурбинҳои назоратӣ дар минтақаҳои баҳсии наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ба таври баробар аз ҳар ду ҷониб насб карда мешаванд

Ду моҳ муҳлат дода шуд, ки дар минтақаҳои баҳсии наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон дурбинҳои назоратӣ насб карда шаванд.
Ин нукта дар санади имзонамудаи Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Қамчибек Тошиев таъкид гардидаст.
"На дертар аз ду моҳ баъди имзои санади мазкур аз тарафи фармондеҳони қушунҳои сарҳадии ду кишвар дурбинҳои назоратӣ насб карда мешаванд", - омадааст дар протокол.
Таъкид гардидаст, ки макони насби дурбинҳо, таъмини амнияти онҳо, тартиби истифодаи наворҳо бо протоколи алоҳида муқаррар мешавад, ки дар давоми як моҳи оянда амалӣ мегардад.
Ахиран Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ Тоҷикистон дар пайи имзои санади қатъи низоъ дар марз бо ҳамтои қирғизаш, Қамчибек Тошиев, ин ҳуҷҷатро як навъ "ғайринизомисоз" унвон карда, афзуд, ки он чораҳои қатъиро фаро мегирад.
Ӯ гуфт, сулҳу оромӣ дар замини тоҷикону қирғизҳо замоне фаро мерасад, ки ҳамаи асноди имзошуда амалӣ гарданд.
“Ҳама метавонанд бо ин протоколҳо шинос шаванд, ҳеч кадомашон махфӣ нестанд, дар дастрасии озоданд", - афзуд Ятимов.
Ӯ таъкид намуд, ки зимни таҳияи санадҳо дар асоси руҳия ва меъёри ҳуқуқи римӣ амал мекунанд. Аз ҷумла меъёреро зикр кард, ки ирода агар давлатӣ бошад, он бояд дар шакли қонун, санад ва созишномаҳо аз ҷониби дастгоҳи иҷроия табиқ гардад. Дар акси ҳол ин ирода аз сухани холӣ беш нест, афзуд Ятимов.

sputnik-tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.