расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Регистонӣ: "Эмомалӣ Раҳмон хостори дафни Аҳмадшоҳ Масъуд дар Тоҷикистон буд"

Асосӣ / Сиёсат

Регистонӣ: "Эмомалӣ Раҳмон хостори дафни Аҳмадшоҳ Масъуд дар Тоҷикистон буд"

Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ яке аз шахсони наздики Аҳмадшоҳ Масъуд буд, ки дар ҳассостарин лаҳзаҳо паҳлӯи ӯ қарор дошт. Ӯ дар замони муқовимат алайҳи Толибон ва терроризми байналмилалӣ фиристодаи хосси Аҳмадшоҳ Масъуд дар Маскав ва пас аз суқути ин режим як давра узви парлумони Афғонистон буд. Ҳамчунин, ӯ муддате дар Душанбе ба сифати намояндаи низомии ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ фаъолият дошт.

Пас аз террори Аҳмадшоҳ Масъуд, ӯ аз аввалинҳое буд, ки аз ин хабар огоҳ шуд ва назди ҷасади беҷони Қаҳрамони миллии Афғонистон шитофт.
Дар матлаби поён, Регистонӣ аввалин лаҳзаҳои баъди террори Аҳмадшоҳ Масъуд ва ҷараёни интиқоли ҷасади ӯ ба Афғонистон, интихоби ҷойнишини Масъуд ва оғози ҳамкории Ҷабҳаи муқовимат бо амрикоиҳоро нақл кардааст.
Аз эҳтимол то ғофилгирӣ
Соли 2001, пас аз се соли фаъолият ба ҳайси намояндаи Омир Соҳиб (Аҳмадшоҳ Масъуд) дар Тоҷикистон, ман ба Маскав рафтам ва 9-уми сентябр ба Тоҷикистон, ки ҷашни истиқлолро таҷлил мекард, барои машварат даъват шудам. Ба Душанбе раҳсипор шудаму тасаввур намекардам, ки маро чӣ хабаре интизор аст.
Чанде қабл аз ин сафар бо Омир Соҳиб суҳбати муфассал доштем. Ӯ ташвиши худро аз иттилооте, ки тавассути хадамоти мухобиротӣ дастрас мекард, иброз дошт. Ӯ гуфт, ки “Толибон байни худ аз хабари эҳтимолии хуш” суҳбат мекунанд, ки интизораш ҳастанд.
Аз ҷониби дигар, он шабу рӯз аз Покистон чандин сарбози покистонӣ ба Афғонистон убур карда буданд.
Дар чунин шароит Омир Соҳиб аз ман пурсид, ки “чӣ фикр мекунӣ, онҳо аз кадом хабари хуш суҳбат мекунанд?”.
Мо дар мавриди эҳтимолҳо суҳбат кардем. Аз ҳуҷумҳои имконпазир ва ғофилгирона то хиёнати ҳамсангаронро баррасӣ кардем, аммо ҳеҷ тасаввур намекардем, ки ҳадафи аслии ин ҳама ҷунбуҷӯл сӯиқасд ба ҷони Омир Соҳиб будааст.
Ҳамин тавр, Омир Соҳиб ба Афғонистон баргашту ман дар Душанбе мондам ва баъд ба Маскав ба кор рафтам.
Аз Душанбе то Фархор. Бо умеди дидор бо Масъуд
Баргардем ба рӯзи 9-уми сентябр.
Аз Маскав ба Душанбе баргаштам ва соати 11:30 Ҷамшед, масъули телефони Аҳмадшоҳ Масъуд, ба ман занг зад ва гуфт, ки дар дафтари Омир Соҳиб ҳодисаи интиҳорӣ рух додааст. Худи Аҳмадшоҳ Масъуд захм бардоштааст.
Ҳамроҳи Амруллоҳ Солеҳ (муовини ахири Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории Афғонистон), Вудудхон (хоҳарзодаи Аҳмадшоҳ Масъуд), дар умум 4-5 нафар ва як духтур ба самти ноҳияи Фархори Тоҷикистон раҳсипор шудем.
Бояд гӯям, ки қаблан бо машварти Омир Соҳиб дар Фархор, дар наздикии дарёи Ому барои таботати асокири ҷароҳатбардоштаи ҷабҳа як дармонгоҳи хурд бо номи “Наҷот” сохта будам, ки дар он се духтури ҳиндӣ кор мекарданд.
Аз Хоҷа Боҳовуддини Афғонистон то ин дармонгоҳ тавассути чархбол 3 дақиқа роҳ аст.
Пас аз таркиш Омир Соҳибро ба ҳамин дармонгоҳ оварданд ва мо ҳам ба ҳамон самт ҳаракат доштем. Дар роҳ аз тақдири Омир Соҳиб фикр мекардам, аммо дар бораи эҳтимоли марги ӯ андешидан бисёр душвор буд. Тасаввур карда наметавонистам, ки мо – Ҷабҳаи муқовимат бе ӯ чӣ гуна кор мекунем.
Масъуд дар матоъи сафед
Чархбол ба Фархор расид ва мо ба самти дармонгоҳ шитофтем. Дар беруни дармонгоҳ ҳолати ҳузнангез ҳукмфармо буд. Касе гап намезад. Ҷамшед ва Носир, масъулини мухобирот, беҳуш буданд. Чанде аз муҳофизони Омир Соҳиб мисли девор шах шуда буданд.
Ба тарафи дармонгоҳ рафтам. Табибони ҳиндӣ ҳам сухан намекарданд. Танҳо якеаш ба ман ишора кард, ки ба утоқ ворид шавам. Вориди утоқ шудам ва ҷасади Омир Соҳибро бо матоъи сафед пӯшида дидам. Намедонам чӣ тавр, аммо худро ба даст гирифтам ва гиря накардам. Худованд дар қалби мо дар он вақт оромиш дод.
Матоъро бардошта дидам, ки панҷаҳои дасти росташ қад нашуда, аммо варам кардааст. Зери чашмаш як доғи хурд аст, ки чизе задааст. Дар рӯи сари синааш ду сӯрох аст, ки хун омадааст. Рӯяш дигар хуб буд.
Берун баромадам. Онҷо 7-8 нафар будем. Ҳайрон будем, ки чӣ кор кунем, дигар Омир Соҳиб набуд. Он замон ёдам омад, ки ӯ мегуфт “инҳо пай дар пай мегӯянд, ки ба зудӣ як ҳодисаи муҳим мешавад ва як хабари хуш баротон доштем”. Он лаҳза дарк кардам, ки он хабари муҳим қасди ҷони Омир Соҳиб будааст.
Ҷойнишини Масъуд
Ба маршал Муҳаммад Қосими Фаҳим занг задам. Намедонам, ки ӯ дар Фархор буд ё Хоҷа Баҳовуддин, аммо ӯ ҷаласа дошт. Волии Панҷшер Ориф Сарварӣ ва қумондон Гадомуҳаммади Холид ҳам ҳамроҳи маршал буд. Гадомуҳаммади Холид дар бораи Омир Соҳиб пурсид, гуфтам, “захмӣ шудааст, вазъаш бад нест, аммо духтурон гуфтанд, ки ду ҳафта бояд истироҳат кунад. Аз ин хотир шуморо даъват кард, биёед, аз наздик суҳбат мекунем”.
Онҳо баъд аз ним ё як соат ба Фархор расиданд. Маршал ва Гадомуҳаммади Холидро ба ҳамон утоқе, ки Омир Соҳиб қарор дошт, бурдам. Вақте маршал Фаҳим ҷасади Аҳмадшоҳ Масъудро дид, гуфт “ҳар интизореро доштем, ғайр аз ин. Эй кош дасту пойҳоят маълул мешуд, магар садоят берун мешуд, ки инро ҳам Худо аз мо гирифт”.
Берун баромадем ва сарамон хам рӯи замин нишастем. Як рӯзи сиёҳ буд. Осмон ҳам ранги сиёҳ гирифта буд.
Аз ҷойи худ баланд шуда, гуфтам: ”Бародарон, Омир Соҳиб дигар зинда нест, сар аз дасти мо рафта, аммо сангарҳоро бояд ҳифз кард. Агар худро контрол кунем, вазъро контрол карда метавонем, агар худро имрӯз контрол када натавонем, авзоъро контрол карда наметавонем. Пешниҳод мекунам, ки маршал Муҳаммад Қосими Фаҳим ин масъулиятро ба ӯҳда гирад”.
Мо қарор кардем, ки хабари шаҳодати Омир Соҳиб ба шакли тадриҷӣ ба мардум расонида шавад. Ҳамчунин, қарор шуд, ки бо кишварҳои кӯмаккунанда тамос гирифта, дар хусуси дастгирии минбаъдаи онҳо пурсем. Ҳамчунин, ба хулоса омадем, ки дар як фурсати муносиб Омир Соҳибро ба дохил интиқол медиҳем, то дафн кунем.
Вақте назди чархбол рафтем, ба Қосим Фаҳим гуфтам, ки агар ҷабҳа шикаст хӯрд, ман барои ҳама ҷой омода мекунам, то ба Тоҷикистон оянд ва дар ин маврид бо Президенти Тоҷикистон ҳам суҳбат мекунам. Ҳамчунин, таъкид кардам, ки мо ҷасади Омир Соҳибро дар Тоҷикистон монданӣ нестем ва агар лозим шуд, ба ҷойе, ки ҳеҷ қарияе набошад, мебарем ва дафн мекунем. Вақте вазъ хуб шуд, ба Панҷшер интиқол медиҳем.
Як гапи дигар ҳам гуфтам, ки баъди хуб шудани вазъ шӯрои Омир Соҳибро даъват кун, то фардо моро интиқод накунанд, ки шумо чӣ кора будед, ки ҷонишини Омир Соҳибро таъин кардед. Қосим Фаҳим баъдтар ин корро иҷро кард.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Масъудро дар Тоҷикистон дафн кунед
Ҳамин тавр, онҳо ба Афғонистон рафтанду мо дар Тоҷикистон мондем. Омир Соҳибро ба Кӯлоби Тоҷикистон бурдем ва бар хилофи ҳамаи орзуи худ, маҷбур шудем, ки ҷанозаи Аҳмадшоҳ Масъудро дар як сардхона монем. Ман худи ҳамон шаб бо раисҷумҳури Тоҷикистон суҳбат кардам. Ӯ баъди шунидани хабари шаҳодати Масъуд бисёр нигарон буд. Гуфтам, ки ҷонишини Омир Соҳиб таъйин шудааст ва ӯ шахси шуҷоъ аст ва ҷабҳаро пеш мебарад. Аммо агар шикаст хӯрд, мо тасмим дорем, ки дар дохили Тоҷикистон барои мо ҷой диҳед. Бо ҳамин истилоҳи тоҷикӣ гуфт, ки “ҷой дорему вале нон надорем”. Гуфтам, хайр аст, нонашро пайдо мекунем.
Дуввум, гуфтам, агар вазъият хуб шуд, мехоҳем Аҳмадшоҳи Масъудро ба дохили Афғонистон бурда, дафн кунем. Гуфт, “не, намегузорам, ки шумо Аҳмадшоҳ Масъудро баред ва шабона ҷое дафн кунед. Тоҷикистон ҳам ватанаш аст, ҳаминҷо бо як маросими бузург дафн мекунем. Амонат бошад, ҳар вақте хостед, баред ва дар Панҷшер дафн кунед”.
Дар ин байн, маршал Фаҳим аз худ иродаву матонат нишон дод ва дар душвортарин лаҳза зимоми сарварии ҷабҳаро ба даст гирифт. Ин масъулияти бузурге буд, ки ӯ ба зиммаи худ гирифт.
“Марги золим аз дасти золим” ё ҳамкорӣ бо Амрико
Ду рӯз баъд воқеаи 11-уми сентябр (террористон ду бинои баландошёнаро дар шаҳри Ню-Йорки ИМА таркониданд) рух дод. Он замон аз амрикоиҳо паёме гирифтем: “мо “Толибон”-ро мезанем, мавқеи шумо чист?”
Ду рӯз пас аз шаҳодати Аҳмадшоҳ Масъуд ин хабар ба мо расид. Ин маъно дошт, яъне Худованд золимро бо дасти золим мезанад.
Дар пеши мо се роҳ буд: барои задани “Толибон” бо амрикоиҳо ҳамкорӣ кунем, мухолифат кунем ё бетарафӣ бошем?
Интихоби якум хилофи хостаи Омир Соҳиб буд. 9 моҳ қабл аз сӯиқасд, вақте бо амрикоиҳо дар Душанбе суҳбат доштем, онҳо аз тасмими Лондон, ки мехост Усома бин Лоданро аз байн барад, хабар дода, таклифи ҳамкорӣ карданд. Омир Соҳиб барояшон гуфт, ки ман ҳеҷ вақт, дар ҳеҷ шароит бо сарбози хориҷӣ, дар сарзамини худам ҷанг намекунам. Ва агар шумо мехоҳед Усомаро аз байн баред, Ҷабҳаи муқовиматро кӯмак кунед, мо ин тавонмандиро дорем, ки ҳам бо “Толибон”* ва ҳам бо “Ал - қоида”* биҷангем.
Роҳи дуввум, агар бетараф мемондем, Амрико бо фармондеҳони алоҳида мустақиман ҳамкорӣ мекард ва кори худро анҷом медод.
Агар мухолифат мекардем, маънояш ин буд, ки мо ҳам дар сафи “Толибон” қарор мегирем ва бо амрикоиҳо меҷангем.
Кадомаш роҳи дуруст аст?
Маршали Фаҳим гуфт, агар мухолифат кунем, имкон надорад, чунки мо дар сафи қотилони Омир Соҳиб қарор мегирем, агар бетараф ва назоратгар бошем, онҳо дилашон ҳарчи хост - мекунанд ва агар бо нерӯҳои заминиашон ҳамкорӣ кунем, бадномӣ аст. Аз ин сабаб, беҳтар аст бигӯем, ки шумо аз тариқи ҳаво кӯмак кунед, мо аз тариқи замин меҷангем, ҳарчанд ин ҳам душвор буд.
Ҳамин тавр, ҳамкориҳо шурӯъ шуд, гурӯҳҳои кашфу раҳнамоиву ҳамоҳангиашон омаданд ва бомбборонро оғоз карданд.
Мушкили дигар ин буд, ки мо аз қабл бо амрикоиҳо ҳеҷ робита надоштем, мо намефаҳмидем, ки онҳо дар паҳлӯи амалиёти низмоӣ, чӣ амалиёти сиёсӣ доранд. Баъд аз як моҳ маълум шуд, ки амрикоиҳо намехоҳанд, то мо вориди Кобул шавем. Онҳо намехостанд, давлати устод Раббонӣ ба қудрат баргардад. Дар ин лаҳза, маршал Фаҳим бори дигар тасмими ҷиддӣ гирифт ва гуфт, хоҳанд - нахоҳанд, мо вориди Кобул мешавем, кӯмак кунанд ё не, мо ворид мешавем.
Ҳамин тавр, нерӯҳои муҷоҳиддин вориди Кобул шуд ва бори дигар Кобул ба дасти мо омад.

asiaplus

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.