расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Рустами Эмомалӣ ба қаҳрамони ҷаҳон хона дод

Асосӣ / Варзиш

Рустами Эмомалӣ ба қаҳрамони ҷаҳон хона дод

Эмомалии Нуралӣ, ҷудокори тоҷик дар вазни зери 66 кг соҳиби медали тилло гардида буд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе ба Эмомалии Нуралӣ, чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим кард. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.
Манбаъ гуфт, Рустами Эмомалӣ имрӯз, 5-уми сентябр, Эмомалии Нуралиро ба ҳузур пазируфта, ӯро барои ба даст овардани медали тилло дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон, табрик гуфт ва "чун нишони қадрдонии Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе, ба чемпиони ҷаҳон калиди хонаи 2 ҳуҷрагиро бо тамоми шароити рӯзгор дар пойтахт тақдим намуд".
“Раиси шаҳри Душанбе ба варзишгар дар мусобиқаҳои оянда барору музаффарият таманно намуда, иброз дошт, ки ҷавонони бо нангу номус муаррифгар ва номбардори ватани хеш маҳсуб меёбанд”, - иттилоъ доданд аз шаҳрдории Душанбе.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон, ки дар шаҳри Гуайкили Экводор баргузор гардид, Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни зери 66 кг соҳиби медали тилло шуд.

asiaplustj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.