расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Марги як нафар дар пайи сӯхтори мошини бензинкаш

Асосӣ / Ҳаводис

Марги як нафар дар пайи сӯхтори мошини бензинкаш

Бар асари оташгирии як мошини бензинкаш дар ҷамоати деҳоти Чорбеди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 1 корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳалок шуда,  2 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин ҳодиса дирӯз, 15 август тақрибан соати 22:10 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
Гуфта мешавад, мошини тамғаи КАМАЗ, ки мутааллиқ ба ҶДММ “Соро ойл” будаву бензин мекашид, дар назди ошхонаи “Давлатовҳо” воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чорбед бо сабабҳои номаълум оташ гирифтааст.
“Шахси фавтида сокини 28-солаи кӯчаи Заҳматободи шаҳри Душанбе буда, ҷароҳатбардоштагон яке сокини 42-солаи ҷамоати деҳоти Харангони ноҳияи Варзоб ва дуюмӣ сокини 45-солаи деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Сомони ноҳияи Ҳисор аст”, - омадааст дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, аввалӣ 92% аъзои баданаш дар ин сӯхтор сӯхтаву дуюмӣ бо 44 дарсад сӯхтаи баданаш бистарӣ шудааст ва ҳоли якеро духтурон вазнин арзёбӣ кардаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаби сар задани сӯхторро таҳқиқ мекунанд.

asiaplustj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.