расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Сел роҳи мошингарди Рӯшонро баст

Асосӣ / Ҳаводис

Сел роҳи мошингарди Рӯшонро баст

Бар асари ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, бартарафсозии оқибатҳои сел идома дорад. Роҳ бошад, ҳанӯз баста аст

Гармии ҳавои рӯзона боиси об шудани барф дар қуллаҳои кӯҳҳоии ВМКБ гардид, боиси баста шудани роҳи мошингард гардид.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, обшавии барф боиси баланд шудани сатҳи дарёи Бартанги дар ҳудуди деҳаи Савноби ҷамоати деҳоти Савноб гардид.
"Тақрибан соати 22:00 об аз соҳилҳои дарё баромада, сел ба амал омад, ки боиси баста шудани роҳи автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар километри 156-ум, ки аз ҳудуди деҳаи Савноб мегузарад, гардид", - афзудааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса кормандони хадамоти роҳ ва техникаи махсус сафарбар карда шуданд.
Роҳ муваққатан баста буда, корҳои тозакунӣ дар ин минтақа идома дорад.
КҲФ мегӯяд, ҳодисаи мазкур дар пай қурбонӣ надошт.
Омадани сел дар ноҳияи Рӯшон дар ҳолест, ки ин ниҳод бо такя ба маълумоти Оҷонсии ҳавошиносӣ қаблан хабар дод, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ ва баландкуҳи кишвар омадани сели хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ имконпазир аст.
Ба иттилои манбаъ, ин пешгӯӣ ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.
Ҳавосанҷон мегӯяд, хатари омадани сел дар пайи ҳавои гарм то рӯзи 14 август боқӣ мемонад.

sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.