расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҳушдор аз ҳавои номусоду хатари селфароӣ дар Тоҷикистон

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Ҳушдор аз ҳавои номусоду хатари селфароӣ дар Тоҷикистон

Дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор эълон карда шуд: боришоти маҳаллӣ ва раъду барқ мефарояд, дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ боиси омадани сел мегардад.

Дар Тоҷикистон аз 12 то 14 август дар манотиқи кӯҳистонӣ ва баландкуҳи ҷумҳурӣ омадани сели хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ имконпазир аст.
Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар дода гуфтааст, ки ин пешгӯӣ ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.
Ба гуфтаи ҳавошиносон, аз 10 август дар минтақаҳо ҳавои ноустувор мушоҳида мешавад, ки он идома хоҳад кард.
Илова бар ин, тибқи пешгӯиҳо, дар маҳалҳо боридани борони шадид дар назар аст.
Дар доманакуҳҳо ва навоҳии куҳии ҷумуҳурӣ омадани селҳои имконпазир аст.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар аз сокинон ва меҳмонони кишвар даъват кардааст, ки хеле эҳтиёткор бошанд ва аз қабл чораву тадбирҳо андешанд, то селҳо натавонанд ба манзилҳои истиқомативу заминҳои кишвташон зарар расонанд.
Дар мавриди ҳарорати ҳаво бошад, тайи ин рӯзҳо он дар кишвар аз 19-22 ва рӯзона то 36-40 дараҷа гарм мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан дар пайи чунин зуҳурот дар деҳаи Пилдони ҷамоати деҳоти Пилдони миёнаи ноҳияи Лахш ба замини наздиҳавлигии сокинон зарар расонда, ҳамчунин 300 метр роҳро тахриб кард.

sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • bitcoincasino | Гости

    Your writing is perfect and complete.   However, I think it will be more wonderful if your post includes additional topics that I am thinking of.    I have a lot of posts on my site similar to your topic. Would you like to visit once?  
    bitcoincasino

    Your writing is perfect and complete.   However, I think it will be more wonderful if your post includes additional topics that I am thinking of.    I have a lot of posts on my site similar to your topic. Would you like to visit once?  
    bitcoincasino

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.