расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Сафари вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон

Асосӣ / Президент / Сиёсат

Сафари вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон

Ван И, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардуми Чин дар доираи сафари минтақаии худ, шоми 31-уми июл вориди Душанбе -- пойтахти Тоҷикистон шуд.

Дар назар аст, ки ӯ имруз, 1-уми август бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Мӯҳриддин ва мақомоти дигар мулоқоту гуфтугӯ намояд.
Вазири корҳои хориҷии Чин қабл аз сафараш ба Душанбе, дар Тошканд дар нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай иштирок кард.
Ҷузъиёти бештари сафари ин дипломати баландпояи чинӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна баён нашудааст.
Чин муҳимтарин сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва то соли 2022 мизони сармоягузории ин кишвар аз марзи 3 миллиард доллар гузашта, қарзи хориҷии Душанбе дар назди Пекин 1 миллиарду 123 миллион долларро ташкил додааст.
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин бо иҷрои тарҳҳое ба мисли бунёди роҳҳо, нақбҳо, истгоҳҳо ва хатти барқ шуруъ шуда, бо сохтмони иншооти муҳиме чун бинои порлумону ҳукумат идома меёбад.
Мунаққидон афзоиши торафти вобастагии сиёсиву иқтисодии Тоҷикистонро аз Чин чун мояи нигаронӣ таъкид мекунанд.

ozodi

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.