расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 146 узви хонаводаи ҷангҷӯёни гурӯҳи "ДОИШ" аз Сурия ба Тоҷикистон оварда шуданд

Асосӣ / Ҷомеа

146 узви хонаводаи ҷангҷӯёни гурӯҳи "ДОИШ" аз Сурия ба Тоҷикистон оварда шуданд

Шоми душанбеи 25-уми июл 146 зану кӯдаки тоҷик аз урдугоҳҳои Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Ин афродро ҳавопаймои ширкати ҳавоии "CHAM WINGS"-и Сурия аз ин кишвар ба Тоҷикистон овард.

Дар фурудгоҳи Душанбе танҳо ба хабарнигорони шабакаҳои давлатӣ иҷоза доданд, ки вуруди ин афрод ба Тоҷикистон ва интиқоли онҳо ба маҳали нигаҳдориро бозтоб диҳанд. Ҳавопаймо тақрибан баъд аз соати нӯҳи шаб ба Душанбе расид.
Баъд аз анҷоми расмиёт ҳамаи мусофирони ин ҳавопаймо ба маҳалле интиқол дода шуданд, ки мақомот аз эълони номи он худдорӣ мекунанд. Онҳоро бо чаҳор автобуси "Asian Expres" интиқол доданд ва се мошини "Ёрии таъҷилӣ" низ онҳоро ҳамроҳӣ мекард.
Дар гузашта, ҳангоми интиқоли аъзои хонаводаҳои ҷангҷӯёни тоҷик аз Ироқ, ин афрод ба урдугоҳе ба минтақаи Харангони ноҳияи Варзоб интиқол шуда буданд.
Хабаргузории давлатии "Ховар" бо нашри чанд акс аз истиқболи аъзои хонаводаҳои ҷангҷӯён аз Сурия таъкид кардааст, ки ин амр бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Ба иттилои Радиои Озодӣ, то замони интиқоли онҳо ба Тоҷикистон, ин афрод дар урдугоҳи Ал-Ҳавл (Ал-Ҳол) дар вилояти Ҳасакаи Сурия нигаҳдорӣ мешуданд, ки манотиқи таҳти назорати курдҳои Сурия дониста мешавад.
Ҷараёни ба Тоҷикистон интиқол ёфтани аъзои хонаводаҳои ҷангҷӯён миёни Вазорати корҳои хориҷии Сурия, созмони Ҳилоли Аҳмар ва намояндагии Тоҷикистон дар Кувайт ҳамоҳанг шуда буд.
Дар паноҳгоҳи Рож ва Ал-Ҳавл (Ал-Ҳол)-и Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷикро нигоҳ медоранд. Онҳо ҳамсару кӯдакони ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд, ки ба дасти нерӯҳои курд афтодаанд.
Занон борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки онҳоро ба кишвар баргардонанд. Қаблан, Тоҷикистон 89 кӯдакро аз Ироқ бозгардонда буд. Даҳҳо зани тоҷик дар он кишвар ба зиндон маҳкум шуданд.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ дар шарҳи хабари интиқоли аъзои хонаводаҳои ҷангҷӯён аз Сурия ба Тоҷикистон гуфт, ки дар урдугоҳи Ал-Ҳавл шароити зиндагӣ сангин аст ва ба ватан бозпас овардани онҳо барояшон беҳбудӣ дониста мешавад.

Манбаъ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.