расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҳабси якумра ва манъи татбиқи сабукиҳо: ҷазои кӣ дар Тоҷикистон сангин шуд?

Асосӣ / Ҷомеа

Ҳабси якумра ва манъи татбиқи сабукиҳо: ҷазои кӣ дар Тоҷикистон сангин шуд?

Парлумони Тоҷикистон бархе ҳолатҳои сабукикунандаро барои гуруҳи ҷинояткорон мамнуъ карда, ҷазои сангин то ҳабси абадро ҷорӣ намуд

Дар Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ қабул карда шуданд, ки муҷозот барои ҷиноёти шаҳвонию ҷинсиро сангинтар мекунанд.
Дилшод Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, дар шарҳи тағйироти мазкур гуфт, ҳадаф пешгирии ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, аз ҷумла ноболиғон мебошад.
Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли ин узви Маҷлиси миллӣ овардааст, ки татбиқи бархе ҳолатҳои сабуккунанда дар ҳолатҳои татбиқи ҷиноятҳои мартбути дахлнопазирии ҷинсӣ лағв гардидаднд.
Аз ҷумла мутобиқи тағйиру иловаҳо минбаъд институтҳои шартан татбиқ накардани ҷазо, муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазои ҷиноятӣ озод кардан ва муҳлати иҷрои ҳукм нисбати шахсоне, ки барои ҷиноёти марбути шаҳвонияту дахлнопазирии ҷинсӣ маҳкум шудаанд, татбиқ намегардад.
Дилшод Раҳмон зикр намудаст, ки қисму моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои таҷовуз ба номус ё ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбати духтари баръало ноболиғ, духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида ё хеши наздик пешбинӣ намудаанд, такмил дода шудааст.
Тавзеҳ додааст, ки моддаҳои мазкур тавассути илова намудани ҷазои якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ва тасҳеҳи ҷазои асосӣ бо маҳрум кардан аз озодӣ то 25 сол ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан такмил ёфтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки тайи моҳҳои охир тағйиру иловаҳо ба қонунгузории Тоҷикистон ворид карда шуданд, ки фаъолияти маҳкумшудаҳо барои ҷиноёти шаҳвониро дар муассисаҳои таълимӣ ва иттиҳодияҳои динӣ мамнуъ кардаанд.

sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.