расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Қурби рубл дар Русия боз боло рафт

Асосӣ / Иқтисодиёт / Ҷаҳон

Қурби рубл дар Русия боз боло рафт

Қурби расмии доллар, ки Бонки марказии Русия барои 29 ноябр муқаррар кард, аз ҳадди 53 рубл поин рафтаст.

Бар асоси додаҳои Бонки марказӣ, қурби доллари амрикоӣ ҳудуди 40 тин поин рафта, 52,96 рублро ташкил дод. Арзиши евро ҳудуди 16,5 тин поин рафта ба 55,8 рубл баробар шудаст.

Бонки марказии Русия қурби расмии доллар ва евроро нисбат ба рубл дар рӯзҳои корӣ бо такя ба қурби бозории Биржаи Маскав муайян мекунад.

Ин дар ҳолест, ки қурби мусоиди доллар барои иқтисоди Русия дар сатҳи 70-80 рубл арзёбӣ мешавад, изҳор дошт ахиран ноиби аввали сарвазири ФР, Андрей Белоусов.

Ӯ изҳор дошт, ки ҳукумати Русия талош дорад, то қурби долларро дар сатҳи мусоид расонад. Белоусов мегӯяд, василаҳое, ки барои устувории рубл дар шароити қурби шинокунанда мусоидат мекарданд, феълан амалан муассир нестанд.

"Сабабаш масдудсозии захираҳои Бонки Русия ва дар натиҷа лағви қоидаҳои буҷетӣ мебошад", - тавзеҳ дод Белоусов.

Дар зимн асъори миллӣ бояд то сатҳи мусоид ҳарчи зудтар поин равад, таъкид намуда буд ноиби сарвазири Русия.

Маврид ба зикр аст, ки дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина дар моҳи феврали соли равон қурби рубл то ба ҳадди бесобиқа поин рафт, аммо баъдан рӯй ба устуворӣ ниҳод.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.