расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ИМА ба Ӯзбекистон 200 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ дод

Асосӣ / Ҷомеа

ИМА ба Ӯзбекистон 200 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ дод

Арзиши умумии онҳо наздики 2,5 млн долларро ташкил медиҳад.

Сурат: dunyo.info
Тибқи маълумоти сафорати Ӯзбекистон дар ИМА, ба Тошканд 200 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) фиристода шудааст, ки арзиши умумии онҳо наздики 2,5 млн долларро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои хабаргузории “Дунё”, дастгоҳҳо дар доираи кумаки башардӯстона дода мешаванд, ки моҳи июн аз ҷониби дастгоҳи президент Доналд Трамп эълон шуда буд. Таҷҳизоти тиббӣ дар корхонаи амрикоии «Zoll Medical Corporation» истеҳсол шудааст, ки дар таҳияву коркарди технология ва таъминоти барномавии таъиноти тиббӣ таҷрибаи 40-солаи корӣ дорад.

Дастгоҳҳои интиқолёфта тибқи фармоиши махсус бо назардошти зерсохтори техникии зербинои муассисаҳои низоми тиббии Ӯзбекистон истеҳсол гардида, зимни муолиҷа дар беморхона ва ҳамчунин ҳангоми интиқоли бемор бо воситаи нақлиёт истифода мешаванд.
Дастгоҳҳои зикршуда ба истифодаи тарзу усули гуногуни нафасдиҳии сунъӣ ба шушҳо ва солим нигоҳ доштани ҷисм имкон дода, барои кӯдакони хурдсол ва калонсолон пешбинӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, дастгоҳҳои аз ҷониби ИМА пешниҳодшударо Вазорати тандурустии Ӯзбекистон байни 62 муассисаҳои тиббӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар тақсим мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.