расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Афғонистон омода аст аз Русия ба миқдори рекордии ғалла ва нафт бихарад

Асосӣ / Иқтисодиёт / Ҷаҳон

Афғонистон омода аст аз Русия ба миқдори рекордии ғалла ва нафт бихарад

Афғонистон мехоҳад аз Русия 2 миллион тонна гандум харидорӣ кунад, менависад РИА Новости.

Муовини раиси Утоқи бозаргонии Афғонистон Муҳаммадюнис Ҳусейн дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург гуфт, ки кишвараша ҳамчунин омода аст то 10 ҳазор тонна нафт харидорӣ кунад.

Ба гуфтаи ӯ, намояндагони мақомот ният доранд, ки ин масъалаҳоро бо ҷониби Русия баррасӣ кунанд.

Ҳамзамон Муҳаммадюнис Ҳусейн қайд кард, ки Кобул омода аст дар марҳалаҳои аввал 5 ҳазор тонна нафт ворид кунад ва баъдан харидории дучанд карда мешавад.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Афғонистон бо Русия дар мавриди содироти маъданҳо, меваҳои тар ва хушк музокира мекунад.

"Тоҷирони рус ба Афғонистон омаданд, ҳоло мо дар мавриди содироти гандум, шиша ва чӯб гуфтушунид дорем", - афзуд манбаъ.

Вай ҳамчунин қайд кард, ки мехоҳанд бо ҳукумати Русия дар бораи тиҷорати бебоҷ гуфтугӯ кунад.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.