расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Чаро муҳоҷирони корӣ наҷоти Русия ва Тоҷикистонанд

Асосӣ / Ҷомеа / Иқтисодиёт / Муҳоҷир / Ҷаҳон

Чаро муҳоҷирони корӣ наҷоти Русия ва Тоҷикистонанд

Муҳоҷирони Тоҷикистон суботи бозори кори Русияро таъмин мекунанд. Хориҷиён ба кори устувори корхонаҳо, рушди сохтмон ва дигар соҳаҳо мусоидат мекунанд.

Дар ин бора Дмитрий Полетаев, корманди пешбари Пажӯҳишгоҳи пешгӯии иқтисодии Академияи илмҳои Русия дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт.

Ба гуфтаи коршинос, бозори меҳнати Русия ба муҳоҷирон ниёз дорад. Дар навбати худ, кор дар Русия барои хориҷиён имкони таъмини ғизо барои хонаводаҳояшон аст.

"Ин равандҳои мураккабе ҳастанд, ки даҳсолаҳо боз идома доранд. Барои Русия ва Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ як кори мусбати бузург аст, зеро ҳамкории иқтисодӣ: интиқоли пул, таъмини мардум бо кор ва ба даст овардани маблағро дар назар дорад", - шарҳ дод Полетаев.

Хориҷиён дар фаъолияти иқтисоди Русия саҳм мегузоранд.
Дар навбати худ, ба Тоҷикистон маблағ ворид мешавад, ки барои таъмини шумораи зиёди аҳолӣ мусоидат мекунад, хулоса кард коршинос.

Илова бар ин, Полетаев дар бораи афзоиши шумори ҷойҳои холии корӣ дар Русия барои муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ сухан гуфт.


Дар сурати ба Донетск рафтани мутахассисони Русия барои барқарорсозӣ, ба сохтмон кадрҳои нав лозим мешаванд.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.