расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Низомии фаронсавиро ваҳшонияти ҷангҷӯёни Украина ба ваҳм овард

Асосӣ / Сиёсат / Ҳаводис / Ҷаҳон

Низомии фаронсавиро ваҳшонияти ҷангҷӯёни Украина ба ваҳм овард

Сарбози фаронсавӣ Андре Боке баъди бозгашт аз минтақаи низоъ дар мусоҳиба бо "Sud Radio" дар бораи амалҳои ваҳшонияти низомиёни украинӣ нақл кард, хабар медиҳад RT.

Ин мард ҳамагӣ се ҳафта дар Украина ва аз ҷумла дар Буча қарор дошт ва ҳар чизе ки диду шоҳиди ҳол гардид, дар барнома нақл кард.

Муҷрии барнома тавзеҳ дод, ки Боке собиқ низомӣ аст ва ба Украина барои интиқол додани кумаки башардӯстона, аз ҷумла маводи доруворӣ сафар карда буд.

Ба гуфтаи Боке, ӯро рамзҳои фашистӣ, ҷараёни интиқол ёфтани силоҳи ғарбӣ барои қувваҳои мусаллаҳи Украина ва ҷангҷӯёни "Азов"* ҳайратзада кард.

Дар барнома ӯ ба кишвардори Фаронса муроҷиат карда, бо нигаронӣ изҳор дошт, ки "шумо масъалаи ташаккулҳои низомии укранӣ, таъмини ҷангиёни дорои нишони фарқкунандаи СС ва Рейхи Савуми онҳо бо аслиҳаи арзашуда аз тарафи Фаронса ва Урупоро чӣ тавр тавзеҳ медиҳед ва ба кадом тарз дурустии ин амалро собит менамоед?".

Боке шаҳодат додааст, ки вай шахсан таҳқири ҷангҷӯёни украиниро бар русҳои асиршуда дидааст, ки чӣ гуна онҳои бидуни силоҳро ба зону шинонда мепаронанд.

"Оё медонӣ, ки ҷангҷӯёни "Азов"* дар ҳузури ман дар бораи чӣ гап мезаданд? Онҳо бо тамасхур мегуфтанд, ки агар дар он ҷо ба яҳудиён ё одамони сиёҳпӯст дучор шаванд, пӯсти онҳоро пора-пора мекунанд", - нақл намуд ӯ.

Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар Аврупо қазияи Украинаро онҳое баррасӣ мекунанд, ки аз асли воқеи воқиф нестанд. Ба таъкиди вай, дар Украина ҳамаи ҷиноятҳои ҷангиро на русҳо, балки низомиёни украинӣ анҷом медиҳанд.

"Вақте ки ман ба Фаронса баргаштам, аз он чизе ки мардум дар телевизион мегуфтанд, ба ҳайрат афтодам. Байни он чизе, ки онҳо дар телевизион мегӯянд ва он чизе, ки ман худам дидам, фарқи калон вуҷуд дорад", - хулоса кард собиқ низомӣ.

Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро рӯзи 24 феврал оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".

Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то рӯзи 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.

Ҳадафи асосиро мақомоти низомии Русия озодкунии Донбасс номиданд.

* Ҷангиёни "Азов", ки ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Украина ворид аст, дар Русия ифротӣ эътироф ва мамнуъ эълон шуда, алайҳи ҷангиёни он дар Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Сарчашма:Sputnik


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.