расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Тағйироти кадрӣ дар Кохи сафед: котиби нави Байден маълум шуд

Асосӣ / Президент / Сиёсат / Ҳаводис / Ҷаҳон

Тағйироти кадрӣ дар Кохи сафед: котиби нави Байден маълум шуд

Котиби матбуотии нави Кохи сафед аз 13 май Карин Жан-Пер хоҳад буд, ки қаблан муовини Ҷен Псаки буд, хабар медиҳад РИА "Новости".

Жан-Пер аввалин зани сиёҳпӯсти амрикоӣ ва намояндаи Ҷамъияти ҳамҷинсгароён дар таърих хоҳад буд, ки ин мақомро ишғол мекунад.

Дар маросими муаррифии Карин кишвардори Амрико Ҷо Байден низ иштирок кард.

"Ман бо ифтихор эълон мекунам, ки Карин Жан-Пер котиби матбуотии навбатии Кохи сафед хоҳад шуд", - гуфт президенти ИМА Ҷо Байден зимни муаррифии сухангӯи нав.

Псаки имкони истеъфои худро ҳанӯз моҳи майи соли гузашта эълон карда буд.

Дар бораи он ки Ҷен Псаки ният дорад, Кохи сафедро тарк кунад ва ба кор дар телевизион равад, қаблан портали "Axios" хабар дода буд.

Ҳамзамон дар моҳи майи соли 2021 Псаки ҳушдор дода буд, ки вай метавонад пас аз як сол мақомашро тарк кунад, зеро вай бо ҳукумати Ҷо Байден маҳз чунин давраеро баррасӣ кардааст, ки соҳиби кунунии Кохи сафед ҳанӯз номзад ба мақоми президентӣ буд.

Вай барои изҳороти ҳангомадораш дар масъалаҳои Русия ва Украина маъруф шуд.


Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.