расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Порлумони Тоҷикистон додани нафақаро ба муҳоҷирони корӣ тасдиқ кард

Асосӣ / Муҳоҷир

Порлумони Тоҷикистон додани нафақаро ба муҳоҷирони корӣ тасдиқ кард

Дар порлумони Тоҷикистон созишномаеро бо Русия тасдиқ карданд, ки бар асоси он ба муҳоҷирони кории тоҷик ҳаққи бознишастагӣ ё нафақа дода мешавад, аммо бо як шарт. Мақомот гуфтанд, танҳо шаҳрвандоне, ки андози иҷтимоӣ супурдаанд, аз ин имконият баҳравар мегарданд. Cозишнома моҳи сентябри соли 2021 имзо шуда буд. Порлумон ин санадро рӯзи 13-уми апрел тасвиб кард.

Дилмурод Давлатзода, раиси Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, дар ҷаласаи порлумон гуфт, бар асоси ин санад, минбаъд Русияву Тоҷикистон вазифадоранд, ба шаҳрвандони ҳамдигар, ки дар қаламрави якдигар кор кардаанд, нафақа таъин кунанд.
Ӯ афзуд, талабот барои ҳарду кишвар ҳамин аст, ки шаҳрвандон андози иҷтимоӣ пардохт карда бошад. Яъне, ба гуфтаи ӯ, андозаи нафақа аз ҳаҷми пардохти андози иҷтимоӣ ва собиқаи корӣ вобастааст.
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар алоҳидагӣ ё бо аъзои оилаи худ дар ҷустуҷӯйи кор ва маошу зиндагии муносиб ба Русия ва Қазоқистон мераванд.
Ба иттилои ҷониби Русия, шумораи онҳо феълан аз як миллион нафар бештар аст. Баъзе аз онҳо шаҳрвандии он кишварро ба даст овардаанд, то аз имтиёзҳо баҳравар шаванд. Мақомоти Тоҷикистон рафтани сокинонро ба Русия рад намекунанд, вале мегӯянд, шумораи онҳо ба он ҳадде нест, ки Маскав эълон мекунад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷирати ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ахиран теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар хориҷаро 387 ҳазор нафар эълон кард. Маълум нест, ки мақомоти Тоҷикистон бар асоси кадом ҳисобҳо теъдоди муҳоҷирони тоҷикро 387 ҳазор нафар гуфтаанд.
Омори мақомоти тоҷик дар бораи теъдоди муҳоҷирон дар хориҷи кишвар ҳамеша баҳсбарангез будааст. Соли гузашта ҳам мақомот шумораи муҳоҷиронро камтар аз ним миллион гуфта буданд. Аммо ҷониби Русия шумори муҳоҷирони тоҷикро беш аз як миллион мегӯянд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои муҳтоҷ ба пули муҳоҷирон аст. Тибқи оморҳои созмонҳои молии ҷаҳонӣ, ҳудуди 30 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар аз ҳисоби маблағи муҳоҷирон аст.

Манбаъ



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.