расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТЕЛЕФОНИ МОБИЛ САБАБИ МАРГИ ДАМИРБЕК ОЛИМОВ ШУД? (ВИДЕО)

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

ТЕЛЕФОНИ МОБИЛ САБАБИ МАРГИ ДАМИРБЕК ОЛИМОВ ШУД? (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 7 феврал бо нашри ду акс аз маҳаллаи садамаи овозхони ҷавонмарг Дамирбек Олимов бархе ҷузъиёти ин садамаи марговарро нашр кард.
Дар иттилоияи вазорат гуфта мешавад, ки “5-уми феврали соли 2022, тахминан соати 01:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Honda CRV», Олимов Дамирбек Ботурович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Хуҷанд-Сомғор”, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, аз роҳи мошингард ба қисмати шағалпӯши ҳамшафати роҳ ва баъдан ба саҳрои пайваста ба роҳи мошингард баромада, якчанд маротиба чаппа шудааст. Мутаассифона, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш ронандаи мазкур, ҳунарманди шинохта Олимов Д.Б. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”
ВКД тафсилоти дигаре надода, танҳо афзудааст, ки “аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад”.
Дар ҳамин ҳол, Масъуда Акилова, яке аз корбарони фаъоли Фейсбук фарзияҳои бархе корбарон дар бораи маст будани Дамирбеку ҳамроҳонашро рад карда, истифодаи телефони мобилро ҳангоми рондани мошин сабаби марги ин овозхони ҷавонмарг гуфтааст.
Ӯ менависад:  “На, ин ҷавон сармасту сархуши май набуд, алкагул истеъмол накарда буд.
Сармасту сархуши касбият, овозхонӣ, дилдодаи суруду мусиқӣ.
Аслан ҳамин телефони мобилиро набояд сари чанбараки мошин истифода кард. Ронанда бояд ҳамаи фикрашро ба қади роҳ намояд.
Дар мошин се нафар санъаткорон саргарми сӯҳбат мешаванд. Ҳарф аз баргузор кардани консерти ба наздикӣ омода мекардааш меравад. Дамирбек аз албоми наваш мегӯяду бо шавқ мехоҳад аз телефони мобилӣ оҳанги нав эҷод намудаашро ба ҳамроҳон нишон диҳад.
Машғул бо телефон аз гардиши сари роҳ бехабар мемонад. Мошин ба гардиш бархӯрда, чаппагардон мешавад ва садама рух медиҳад(((((
Озарахш, шоир ва ҳунарманди маъруф, навиштааст,  рӯзҳои охир Дамирбек Олимов саропо машғули таҳияи таронаи наве бар пояи ин дубайтии Абӯсаиди Абулхайр буд:
 “Ниёйиши ҷовидонаи Дамирбек.
2 рӯз пеш Дамирбек занг зад:
– Оҳанги таронае дар дилам пайдо шудааст. Намедонам шеъри кӣ бошад ва замзама кард.
– Аз классикон,- гуфтамаш. Аммо бояд ҷустуҷӯ намоем, то муаллифашро бидонем.
– Ман дар Телеграмм бо оҳангаш мегузорам. Барои суруди комил шуданаш ёрӣ диҳед, гуфт
Он қитъаро бо кумаки дӯстон ҳамоно пайдо кардам, Аз Абӯсаиди Абулхайр:
Эй бор, Худо, ба ҳаққи ҳастӣ,
Шаш чиз маро мадад фиристӣ,
Имону амону тандурустӣ,
Илму амалу фарохдастӣ…
Баъди сабти овозро фиристоданаш ба Дамирбек паёмак додам, ки аз беҳтарин ниёйиштаронаҳо хоҳад буд.
Ваъдаи дидор доштем…ба қиёмат монд.
Балки бо ин таронаи зебо аз мо раҳо шуду ба Ҳақ пайваст. Ба ҷовидона. Бо ҳастии зебоиофаринаш, бо сабки худаш, бо дасту дили тозаву озодааш, мисли сурудаҳои беназираш..
Худованд ёрат, Дамирбеки азиз!
Ин таронаи нотамомро Кӯҳзод Фатҳулло дар Интернет нашр кардааст:
Дамирбек Олимов шаби 5 феврал дар як садама дар гардиши Боғи миллӣ дар мавзеи Сартӯқай дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷон бохт. Дар ин садама ду навозандаи гуруҳи Дамирбек Олимов ҷароҳат бардоштанд. Бино ба хабарҳо, мошини Дамирбек Олимов дар роҳи бозгашт ба Хуҷанд аз як ҳунарнамоӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров дучори садама шуд. Овозхони равоншод ҳамагӣ 32 сол дошт. Аз ӯ се фарзанд  – ду писар ва як духтар – ятим монд.
Дамирбекро нимаи дуюми рӯзи 5 феврал дар зодгоҳаш, шаҳраки Ғончӣ, маркази ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба хок супурданд. Ботур Олимов, мутриби шинохта ва падари овозхони ҷавонмарг дар маросими видоъ бо фарзандаш дар масҷид аз ҳамаи ҷамъомадон хост, ки писарашро ба роҳи охират бо қарсак гусел кунанд. Падари ғамзада дар ҳоле ки ашк гулӯгираш мекард, хитоб ба мардуми ҷамъомада гуфт: “Ба ҳамаатон раҳмат! Ман як илтимосам ҳаст, ки мумкин гапи ман хато ҳам бошад, бачаяки маро бори охирин бо кафкӯбӣ гусел кунед!”
Баъди  ин илтимоси падари ғамзадаи Дамирбек мавҷи кафкӯбӣ майдонро фаро гирифт.  Ба ин тартиб, маросими видоъ бо овозхон охирин бенефиси ӯ шуд ва мавҷи кафкӯбиҳо дар бағал Дамирбек раҳсипори  охирин сафари худ – сафари охират шуд…
Дамирбек Олимов 20 марти соли 1989 дар ноҳияи Деваштич  дар хонаводаи мутриби шинохта Ботур Олимов ба дунё омада, Донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизро дар шаҳри Хуҷанд хатм кардааст. Дамирбек Олимов собиқаи ҳунариашро бо хондани таронаҳои “Шашмақом” сар карда, чандин сол дар ансамбли “Нури Хуҷанд” таҳти раҳбарии Ҳунарманди мардумии СССР Ҷӯрабек Муродов ҳунари худро сайқал додааст. Дамирбекро таронаи “Кабӯтар”, ки бо Нигина Амонқулова  дар сабки Мавригӣ иҷро карданд, машҳур кард. Аз ӯ ба ғайр аз “Кабӯтар” чандин таронаи шоҳкори дигар, ба мисли “Дунё” ва “Зиндагӣ боқист, ёрон меравад” ба ёдгор монд. Охирин таронаи ӯ “Бачагиям” ҳамагӣ ду моҳ қабл аз маргаш нашр шуд.
Ин бори аввал нест, ки ҳунармандони шинохтаи тоҷик дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд. Соли 1979 Муқаддас Набиева, соли 1991 Наргис Бандишоева  ва соли 2020 Баҳроми Ғафурӣ бар асари садама ҷони худро аз даст дода, ҳаводорони худро ғарқи мотам карданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.