расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҳалокати 7 ҳазор табиб аз каронавирус дар ҷаҳон, Мексика дар зинаи аввал

Асосӣ / Ҷомеа

Ҳалокати 7 ҳазор табиб аз каронавирус дар ҷаҳон, Мексика дар зинаи аввал


Ҳалокати 7 ҳазор табиб аз каронавирус дар ҷаҳон, Мексика дар зинаи аввал

Тибқи як пажӯҳиши созмони байналмилалии “Amnesty Internationa”дар ҷаҳон аз ҳама зиёдтар табибони Мексика аз каронавирус фавтидаанд.

Тибқи иттилои ин созмон, дар ҷаҳон на камтар аз 7000 корманди соҳаи тандурустӣ аз коронавирус вафот кардааст, ки аз ин миқдор 1320 нафараш аз Мексика мебошанд.

Инчунин, ба рӯйхати кишварҳое, ки фавти кормандони тиб аз коронавирус зиёданд, мутаносибан ИМА 1077, Бразилия 634, ва Ҳиндустон 573 шомиланд.

Шумораи фавтидагон ва ҳолатҳои тасдиқшудаи коронавирус аз ҳама бештар ИМА, Бразилия ва Ҳиндустон мебошанд. Ин се кишвар дар бораи беш аз 14 миллион ҳолати коронавирус ва марги наздик ба 387 000 гузориш додаанд.

Таҳлили Reuters дар бораи маълумоти ҳукумати Мексика дар моҳи август нишон дод, ки хавфи марги кормандони соҳаи тандурустӣ дар Мексика нисбат ба Иёлоти Муттаҳида чор маротиба ва дар муқоиса бо Бразилия ҳашт маротиба зиёдтар аст.

Мексика беш аз 610 ҳазор ҳолати сироят ва қариб 66 ҳазор фавтро ба қайд гирифтааст. Ҳукумати Мексика ин ҳафта гуфт, ки дар маҷмӯъ 102494 корманди соҳаи тандурус

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.