расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАБИБА: СӮҲРОБИ САФАРЗОД 5 ЗАН ДОШТ, ВАЛЕ ШАБИ ПЕШ АЗ МАРГАШ ДАР ХОНАИ МАН НАБУД (ВИДЕО)

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

ҲАБИБА: СӮҲРОБИ САФАРЗОД 5 ЗАН ДОШТ, ВАЛЕ ШАБИ ПЕШ АЗ МАРГАШ ДАР ХОНАИ МАН НАБУД (ВИДЕО)

Овозхони тоҷик Ҳабиба Давлатова дар барномаи “Ногуфтаҳо” дар канали шоир, журналист ва ровии шинохта Орзуи Исо бархе ҷузъиёти марги ситораи машҳури эстрадаи тоҷик Сӯҳроби Сафарзодро қисса кард.
Ҳабиба Давлатова дар мусоҳибааш бо Орзу гуфт, бар хилофи овозаҳо шаби пеш аз маргаш Сӯҳроби Сафарзод дар хонаи ӯ набуд.
“Рӯбарӯ бори охир ягон як моҳ пеш аз маргаш дида будамаш. Вале бо телефон шаби 8 декабр гап зада будем. Ман он шаб дар як тӯй ҳунарнамоӣ мекардам ва дар толори ороишӣ будам, ки Сӯҳроб занг ва зад, гуфт, хонаи мо биё, манту бихӯрем, баъд ба тӯй рав.  Мантухӯрон мегуфт вай. Он шаб ҳам “мантухӯрон дорем, биё гуфт. Ҳамон зане, ки нав гирифта буд, манту карда будааст ҳамон шаб. Хеле исрор кард, ки биё, вале ман гуфтам, ягон вақти дигар…” – нақл кард Ҳабиба.
Ӯ нақл кард, ки дар маросими ҷаноза ҳатто модари Сӯҳроб аз ӯ пурсидааст, ки оё он шаб дар хонааш буд? “Ман ба модари ғамзадааш гуфтам, ки агар дар хонаи ман мебуд, ман наҷоташ медодам, чунки ҷони вай дар хобаш баромадааст. Ӯ он шаб дар хонаи ман не, балки дар хонаи як бародар, ки бо санъаткорон хеле наздик буд ва дар бинои рӯбарӯи мо мезист, будааст. Ҷогаҳашро ҳатто партофта буданд. Вайро аз ҳамон бинои рӯбарӯи мо ба бемористон бурданд. Азбаски мошинаш дар рӯи ҳавлии мо буд, бисёриҳо фикр карданд, ки шояд дар хонаи Ҳабиба будааст”, – нақл кард Ҳабиба.
Ин овозхон  ба иллати маводи мухаддир фавтидани Сӯҳроби Сафарзодро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, ки Сӯҳроб бемории дил дошт ва ба иллати кафидани дилаш ҷавонмарг шуд.
Ҳабиба Давлатова ҳамчунин нақл кард, ки Сӯҳроби Сафарзод 5 зан дошт, ки бо ҳамаи онҳо бо навбат зиндагӣ мекард, вале танҳо ду занашро тӯй карда гирифта буд ва аз ҳамин ду ҳамсараш фарзанд дошт: як писар ва як духтар.
Худи Ҳабиба, тавре нақл кард, соҳиби 3 духтар ва алакай 4 набера будааст. Хоҳари ӯ Моҳира Тоҳирӣ низ овозхон аст.
Роҳи Ҳабиба Давлатова ба саҳна дар вақташ аз як таронаи муштаракаш бо Сӯҳроби Сафарзод бо номи “Санам” оғоз ёфта буд.
Сӯҳроби Сафарзод, овозхони шуҳратёри тоҷик, ки ӯро «Муини Тоҷик» ном мебурданд, 10 декабри соли 2010 дар айни авҷи шуҳраташ дар синни ҳамагӣ 30 аз олам чашм пӯшид. Сӯҳроби Сафарзод бо пайравӣ ба сабки овозхони шинохтаи эронӣ Муин вориди саҳна шуд ва дар як муддати кӯтоҳ бо овози ширадор ва ҳунари нотакрораш ба яке аз ситораҳои раддаи аввали эстрадаи тоҷик табдил ёфт. «Аз панҷара дорӣ, нигоҳ»», «Санам», «Ёди ту», «Шабҳо», «Ту азизи диламӣ» – аз таронаҳоест, ки номи ин овозхонро дар хазинаи тиллоии эстрадаи муосири тоҷик сабт кардаанд.
Ибтидо табибон сактаи қалбро иллати марги Сӯҳроби Сафарзода гуфта буданд. Вале баъди ним соли марги Сӯҳроби Сафарзод мақомоти Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон гуфтанд, ки овозхони шинохта ба иллати истеъмоли доруи амфитамин ҷавонмарг шудааст.
Аз парвандаи марги Сӯҳроби Сафарзод: Шаби 10-уми декабри соли 2010 ҷасади Сӯҳроби Сафарзод ба маркази милли тиббии Тоҷикистон оварда шудааст. Номбурда шаби 9-ум ба 10-уми декабр дар манзили зисти Сабзалӣ Ҳайдаров, воқеъ дар кӯчаи Испечак-2 М-16, бинои 1, ҳуҷраи 25 дар ҳолати мастӣ вафот кардааст.
Аз хуни Сӯҳроби Сафарзод ҳамчунин спирти этилӣ дарёфт гардид. Санҷиши прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муайян кардааст, ки Сафарзод ҳамроҳи рафиқонаш дар маркази дилхушии «Симин»-и шаҳри Душанбе нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол мекунад. Аммо ҳеч нафаре аз ҳамроҳонаш намедонад, ки овозхон маводи синтетикиро кай истифода кардааст. Онҳо дар дасти Сӯҳроб танҳо шишаи пиворо дидаанд.
Ҷиҳати муайян кардани ин ки Сӯҳроби Сафарзод маводи синтетикиро аз куҷо дарёфт кардааст, санҷишҳо натиҷае надодаанд. Ҳамсар, модар ва дигар наздикони сароянда гуфтаанд, ки дар мавриди истеъмол ва аз куҷо дарёфт кардани маводи амфитамин аз ҷониби Сӯҳроб маълумоте надоранд.
Соати 4:30 Сӯҳроби Сафарзод дар ҳолати мастӣ ба хонаи шиносаш Сабзалӣ Ҳайдаров меравад. Субҳи рӯзи 10-уми декабари соли 2010 вақте соҳибхона ӯро аз хоб бедор карданӣ мешаванд, аллакай нафас намекашидааст…

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.