расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МӮСАФЕД БО “МОСКВИЧ” ДАР РОҲИ ҚӮРҒОНТЕППА ҶИПИ “ПРАДО”-РО ЗАД. КАППААШ СӮХТ?

Асосӣ / Ҷомеа

МӮСАФЕД БО “МОСКВИЧ” ДАР РОҲИ ҚӮРҒОНТЕППА ҶИПИ “ПРАДО”-РО ЗАД. КАППААШ СӮХТ?


Муйсафед, бачам, як ҳазор сомонда соз мешавад, агар шавад рафта аз ягон ҷой қарз мекунам ё мошинамро мефурӯшаму пули таъмиртонро медиҳам.  Соҳиби Прадо гуфт, охир ин мошини шуморро кӣ мехарад ва чанд пул мефурӯшед? 

Муйсафед, — Вақтам диҳед бачам, ҳеҷ кас, ки нахарид дар оҳанпора месупораму пули шуморо оварда медиҳам… ҳеч ки нашуд хонаамро мефурӯшаму мошинатро соз мекунам. 

Ҷавон як табассум карду гуфт: Бобои ҳоҷӣ медонед чӣ? Худораҳматии падари мора ҳама аз рӯи дасти бахайраш мешинохтанд, мо ҳам фарзанди ҳамон мардакем. 

Муйсафед, ки обҳои чашмашро пок мекард, ҷавон гуфт, рӯятонро тарафи қибла кунеду дар ҳақи раҳматии қиблагоҳам як каф дуо намоед. Ман ҳамаи зарари овардагитро бахшидам, худам мошинро таъмир мекунам. 

Аммо, кор ба ин тамом нашуд ва аз одамҳои атроф пурсид, ки мошини муйсафед дар чанд сомонӣ соз мешавад? Яке гуфт дар 200 — 250 сомонӣ ранг мекунанд. Боз аз ҷайбаш 300 сомонӣ бароварду ба муйсафед дод, ки рафта мошинашро ранг кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.