расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҳалокати 2 халабони тоҷик дар пайи садамаи ҳавопаймо дар Судони Ҷанубӣ

Асосӣ / Ҷаҳон

Ҳалокати 2 халабони тоҷик дар пайи садамаи ҳавопаймо дар Судони Ҷанубӣ

Яке аз онҳо як ҳафта пеш барои кор ба ин кишвар рафтааст.

Сурат: aljazeera.com
Дар ҳодисаи суқути ҳавопаймои боркаши Ан-26 ширкати South West Aviation дар Судони Ҷанубӣ 2 халабон (лётчик)-и тоҷикистонӣ ҳалок шуданд. Ҳавопаймо рӯзи 22 август баъди чанд дақиқаи парвоз аз пойтахти ин кишвар - шаҳри Ҷуба ба садама дучор шудааст.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳангоми садама ду халабони тоҷик - Қодиров Парвиз ва Мираҳмедов Мирсултон ба ҳалокат расидаанд.
Манбаъ: aljazeera.com
“Тибқи маълумоти доштаи мо, Парвиз Қодиров як ҳафта пеш барои кор ба Судон рафтааст. Ӯ халабони дуюм буд. Бародари ӯ Хуршед бо дархости интиқоли ҷасади Парвиз ба ватан ба мо муроҷиат кард”, - гуфтанд дар Вазорат.
Дар Вазорат зикр карданд, ки халабони дигари ҳалокшуда Мирсултон Мираҳмедов шаҳрванди Русия мебошад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз дигар ҷузъиёти ин ҳодиса маълумот дар даст надорад.
EADaily хабар медиҳад, ки бино ба маълумоти намояндаи фурудгоҳ, ҳавопаймо аз Ҷуба ба шаҳрҳои Вау ва Авейл раҳсипор будааст.
Хабаргузории Синхуа дар ин робита иттилоъ дод, ки бар асари суқути ҳавопаймо 17 нафар ҳалок шудаанд, ки 2 нафарашон аъзои экипаж мебошанд.
Бино ба маълумоти хабаргузории мустақили “Ахбор”, шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки як нафар зинда монда, ӯро ба бемористон интиқол додаанд.
Гуфта мешавад, ҳавопаймо борҳои мухталиф, аз ҷумла мотосиклҳо, қисмҳои эҳтиётӣ, маводи хӯрока ва ҳамчунин маблағи бузург барои пардохти маоши коргарони як корхонаи бузургро мебурд. Дар видеоҳо дида мешавад, ки сокинони маҳаллаҳои атроф пулҳои аз ҳавопаймо пошидаро мечинанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.