расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Тасвиби протокол: Русия 103 бинои низомиро ба Тоҷикистон медиҳад

Асосӣ / Сиёсат

Тасвиби протокол: Русия 103 бинои низомиро ба Тоҷикистон медиҳад


Русия молу мулкеро, ки пойгоҳи низомии 201-ум дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Муъминобод дигар истифода намебарад, ба Тоҷикистон медиҳад

Маҷлиси намояндагон протокол миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи супоридани амволи ғайриманқули озодгардидаро тасвиб кард. Ин санад миёни ду кишвар моҳи июни соли равон имзо шуда буд.

Бар асоси протокол, дар майдони қариб 40 километри мураббаъ дар шаҳри Кӯлоб ва дар масоҳати 650 километри мураббаъ дар ноҳияи Муъминобод ҳудуди 103 иншооту бинои низомӣ ба ихтиёри Тоҷикистон баргардонда мешаванд. Қаблан ин замину иншоот аз ҷониби пойгоҳи низомии 201-уми Русия истифода мешуданд. Дар ин феҳраст хобгоҳҳо, анборхона, ҷои нигоҳдории техника ва нуқтаҳои шустушӯй зикр гардидаанд.

Соли 2015 Русия нерӯҳояшро аз Кӯлоб ба минтақаи Лоҳур, ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, кӯчонд.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар хориҷ аз он мебошад, ки ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад.

Тибқи шартномаи ба имзо расида миёни Тоҷикистону Русия пойгоҳи мазкур то соли 2042 дар Тоҷикистон ҷойгир хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир ин пойгоҳ дар наздикиҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.