расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Қоидаи нав: Вазорат гуфт, даъвати тирамоҳӣ ба охир расид, даъвати баҳорӣ сар шуд

Асосӣ / Сиёсат

Қоидаи нав: Вазорат гуфт, даъвати тирамоҳӣ ба охир расид, даъвати баҳорӣ сар шуд


Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, бо анҷоми даъвати тирамоҳӣ маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ амалан шуруъ мешавад, ки ба гуфти баъзе сокинон вазъи афроди аз хизмат канорагирикунандаро душвор хоҳад кард

Тибқи қонун, шаҳрвандони синни даъват то замони даъвати баҳорӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ карда мешаванд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи вазорати дифоъи Тоҷикистон то оғози даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат ҷалб карда мешаванд.

«Агар дар гузашта мавсими даъват фақат ду моҳ идома доштва тамоми чорабиниҳо дар ин марҳала анҷом мешуданд, акнун ҷалби шаҳрвандони синни даъватӣ пас аз анҷоми мавсим низ идома хоҳад дошт. Ин як гуна омодагӣ ба мавсими сафарбаркунӣ хоҳад буд», — гуфт Фаридун Маҳмадалиев.

Ба гуфти Муслим Собиров, як муҳоҷири тоҷик агар чунин амал роҳандозӣ шавад барои «хизматгурезон» душвор хоҳад шуд.
«Дар гузашта аксар нафарони синни хизмат бо поён ёфтани мавсими даъват ба ватан мерафтанд ва бо оғози он бармегаштанд. Ҳоло агар тамоми мавсим давом кунад, онҳо маҷбуранд ё хизмат раванд ва ё хизмати пулакиро ихтиёр кунанд», — гуфт Собиров.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» 29 январи соли равон вориди амал шуд, ки ба бовари огаҳон, дар қиёс ба қонуни қаблӣ тағйири ҷиддӣ хӯрдааст.

Бино ба он, тамоми ҷинси марди кишвар, аз ҷумла донишҷӯён, бо хизмати ҳатмии ҳарбӣ фаро гирифта мешаванд ва маҳз пас аз хизмати ҳарбӣ роҳи ҳар фард барои кор дар мақомоти қудративу мулкӣ ҳамвор мешавад.

Ҳамзамон дар асоси моддаи 37 — и ин қонун шаҳрвандоне, ки қобил ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҳастанд ва ҳаққи озод шудан аз хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ба таври ихтиёрӣ маблағи хизмати ҳарбиро супорида, аммо як моҳ аз тамриноти низомӣ гузаранд.

Маблағе, ки барои озод шудан аз хидмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, 25,2 ҳазор сомонӣ (ё 2,2 ҳазор доллар) мебошад.

Даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки 1-уми октябри соли равон идома дошт, 30-юми ноябри соли 2021 дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар пурра ба анҷом расид.

Сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт, ҳангоми даъвати тирамоҳӣ теъдоди бузурге аз шаҳрвандон ин роҳро интихоб кардаанд, аммо ӯ дар бораи омори афроде, ки хизмати пулакиро интихоб карданд, чизе нагуфт.

«Ҳоло мо бо масоили тадорукотӣ машғулем, ки чӣ гуна онҳоро дар маҳалли муайян дар вилояту навоҳӣ ҷамъ орем ва онҳоро бо таълим фаро гирем», — гуфт Фаридун Маҳмадалиев.

Бо қабули ин қонун, аксар бар он назар буданд, ки ҳолатҳои «облава» дар Тоҷикистон коҳиш меёбад Аммо бо оғози даъвати тирамоҳӣ ва ҳамакнун як ҳафта аз поёни он гузаштан ҳамарӯза дар расонаҳои иҷтимоӣ наворҳо сайр мекунанд ва сокинон аз «облава» — и варзишкорону донишҷӯён хабар медиҳанд.

Вазорати дифои Тоҷикистон ҳамеша ҷой доштани «облава» ҳангоми даъват ба артишро рад мекунад.

Ҳамасола дар Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони марди аз 18 то 27 сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим — тирамоҳ ва баҳор сурат мегирад.

Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр дар охири моҳи ноябр идома меёбад.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.