расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Баъди тирандозӣ: Тоҷикистону Қирғизистон ба посбонии муштараки марз шурӯъ карданд

Асосӣ / Сиёсат

Баъди тирандозӣ: Тоҷикистону Қирғизистон ба посбонии муштараки марз шурӯъ карданд

Пас аз тирандозии шаби гузашта ҳоло вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мӯътадил арзёбӣ мешавад

Баъди тирандозии рӯзи 1 декабр дар марз нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи посбонии муштараки минтақаи марзӣ ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.

«1 декабр, соати 23:30 (20:30 ба вақти Маскав) дар минтақаи Торт-Кочои вилояти Бодканди Қирғизистон мулоқоти намояндагони марзии Қирғизистону Тоҷикистон бо иштироки ҳокимони навоҳии наздисарҳадӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти салоҳиятдори тарафҳо баргузор шуд», — омадааст дар хабар.

Дар дар поёни дидор тасмим гирифта шуд, ки ба хотири таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷонибҳо сар аз 2-юми декабр гашти муштараки минтақаи наздимарзӣ баргузор кунанд, қайд кардааст ин ниҳод.

Воҳидҳои сарҳадии ҷонибҳо хидмати ҳаррӯзаро идома медиҳанд, то соати 9:00 (06:00 ба вақти Маскав) 2 декабр вазъ дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон мӯътадил арзёбӣ мешавад, хабар медиҳанд расонаҳои хабарӣ.

Рӯзи чоршанбе, тахминан соати 21:15 (18:15 ба вақти Маскав) дар маҳаллаи Дахмаи ноҳияи Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон, дар наздикии хатти шартии сарҳади давлатӣ шахсони номаълум аз 7 то 8 тир холӣ карданд.

Ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, гӯё тир аз туфанги шикорӣ зада шудааст.

Таърихи муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон


Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28 апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимотии оби «Головной», ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.

Мақомоти ҳарду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.

Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.

Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокироти изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.

Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин муноқиша 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.

Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.

Сабаби асосӣ қитъаҳои заминҳои тақсимнашуда аст; ҷонибҳо дар бораи аломатгузории зиёда аз 70 қитъаи замини баҳсбарангез аз замони пош хӯрдани ИҶШС то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.