расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҷалби донишҷӯёни қарздор ба хидмат

Асосӣ / Ҷомеа

Ҷалби донишҷӯёни қарздор ба хидмат

Рӯзи 18 ноябр даҳҳо  донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакентро ҳангоми дарс аз даруни синфхонаҳои донишкада дошта маҷбуран ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд. Дар ин бора волидони донишҷӯён ба пойгоҳи хабарии «Бомдод» хабар дода, аз рафтори, ба гуфтаи онҳо, ғайриқонунии кормандони мақомот шикоят карданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, рӯзи 18 ноябр, тақрибан соати 11 як гуруҳи кормандони милитсия ба чанд бинои Донишкадаи омӯзгории Панҷакент ворид шуда, даҳҳо донишҷӯро ба мошинҳои «Газел» ва «Спринтер» бор карда, ба коммисариат бурданд.

»Барои ҳангоми дарс, бе огоҳӣ, ғайриқонунӣ доштан ва зиёда аз ин ба беш аз 3-4 соат нигоҳ доштани фарзандони мо кӣ бояд ҷавобгар бошад? Ҳамин давлат соҳиб дорад? Қонун амал мекунад? Прокурорҳо ҳастанд?

Онҳо мегӯянд, чанд соат боз дар пушти дари военкомат шиштаанд. " Кормандони комиссариат ба мо гуфтанд, ки месанҷем ва онҳое, ки қарздоранд, ба хизмат мефиристему дигаронро ҷавоб медиҳем», —  нақл кард падари яке аз донишҷӯёни «облава» –шуда.

Тибқи қонун, донишҷӯёни мактабҳои олӣ то замони хатми таҳсилашон аз масъулияти хидмати ҳарбӣ озод карда мешаванд. Вале онҳоеро, ки пули таҳсилро насупурдаанд ваё ба сабаби аз имтиҳонҳову санҷишҳо қарздор шудан аз донишгоҳ ё донишкада хориҷ карда шудаанд, метавонанд ба хидмати ҳарбӣ баранд.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: баҳор дар моҳҳои апрелу май ва тирамоҳ дар моҳҳои октябр ва ноябр сурат мегирад.

Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон расман мавсими тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз ёфт. Даъвати тирамоҳӣ то 30 ноябр давом мекунад.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дода буд, ки алакай дар моҳи октябр нақшаи даъват ба саффи Қувваҳои  мусаллаҳ дар саросари ҷумҳурӣ 70 фоиз иҷро шудааст. Аммо гуфта мешуд, ки даъват дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд нисбат ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон нисбатан кундтар ҷараён дорад. Вилояти Суғд дар моҳи якуми даъвати тирамоҳӣ нақшаи даъватро ҳамагӣ 56% иҷро карда буд.



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.