расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Азиза ва Парвиз барои лату кӯби Мадина чӣ ҷазо мегиранд?

Асосӣ / Ҷомеа

Азиза ва Парвиз барои лату кӯби Мадина чӣ ҷазо мегиранд?


Мадина, Парвиз ва Азиза-имрӯз ин се ном барои тамоми ҷомеаи Тоҷикистон шинос буда, хурду калон гӯш ба қиморанд, ки ҳамсари яке аз чеҳраҳои намоёни ширкати Мегафон Парвиз (Лутфулло) Давлатов-Азиза Давлатова барои лату кӯби бераҳмонаи маҳбуба ё зани дуюми шавҳараш Мадина Мамадҷонова чӣ ҷазо мегирифта бошад… 

Ниҳоят Прокуратураи Генералии Тоҷикистон санҷиши ин парвандаи пурсару садоро ба охир расонд ва натанҳо Азиза Давлатова, балки шавҳараш Парвиз Давлатов низ барои кирдори худ дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт. Суд кай барпо мешавад ва Азизаю Парвиз Давлатов чанд соли умрашонро дар пушти панҷараи зиндон мегузаронанд?

Ёдрас мешавем, ки ин моҷаро ҳанӯз охирҳои тобистон, аниқтараш моҳи августи соли равон сар зада, ҳамсари Парвиз Давлатов -Азиза Давлатова аз рӯйи рашк ҷавонзани 31-сола Мадина Мамадҷоноваро, ки ҳамроҳи шавҳараш дар як корхона кор мекардааст, аз манзили зисташ бо зӯрӣ ба мошин бор карда, ба самти номаълум бурдааст. Азизаи бадрашк Мадинаро чунон бераҳмона ҷазо медиҳад, ки бар асари лату кӯби шадид ва озори зиёди ҷисмонию равонӣ ҷавонзан ба ҳолати кома афтида, ҷисми нимҷонашро одамони ношинос тахминан 13 соат пас ба беморхона мерасонанд. 

Тибқи нишондодҳои тиббӣ майнаи сари ҷавонзан сахт лат хӯрда, дар сурати зинда мондан низ якумра маъюб хоҳад гашт.

Азиза Давлатова дар пушти Қонуни авф ин гуноҳи азими худро бо роҳу воситаҳои номаълум пинҳон карда буд, вале моҳи октябр ин қазия расонаӣ гашта, ҷомеаро ба по хезонд. Тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ, сомона ва рӯзномаву маҷаллаҳо ин мавзуъро инъикос намуда, фаъолони ҷомеа талаб мекарданд, ки афроди Мадина Мамадҷоноваро ба ин ҳол расонида ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Моҷарои Азизаю Мадина то ба гӯши Раиси Маҷлиси Миллӣ ва мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ расида, ба Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва Прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон супориш дод, ки ин парвандаро зери назорати қатъӣ гиранд. Ҳамин тавр ях об шуда, кор ранги дигар гирифт ва 31-октябр Азиза Давлатова ва шавҳараш Парвиз (Лутфулло) Давлатов бо гумони одамрабоӣ, лату кӯби шадид ва қасди куштори Мадина Мамадҷонова боздошт гардиданд. 

Дар муддати ду ҳафта Прокуратураи Генералии Тоҷикистон санҷиши ин парвандаи пурсару садоро ба итмом расонд. Азиза Давлатова бо қисми 3-и моддаи 32 ва қисми 1-и моддаи 104-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон (сӯйиқасд ба куштор) дар қазияи Мадина Мамадҷонова гумонбар дониста мешавад. 

Мақомоти тафтишотӣ ба шавҳари Азиза-Парвиз Давтлатов айби бештар эълон карда, ӯро якбора бо се моддаи Кодекси Ҷиноӣ муттаҳам медонанд. Ба Парвиз (Лутфулло) Давлатов бо қисми 2-и моддаи 117 (лату кӯб ва озори шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад ва ё аз нигоҳи молиявӣ ба озордиҳанда вобастагӣ дорад), моддаи 109 (расонидан то худкушӣ) ва 170 (дузанагӣ) айб пешниҳод шудааст. 

Ба Азиза Давлатова, ки дар ин моҷаро гунаҳкори асосӣ ба ҳисоб меравад, тахминан 7соли зиндон таҳдид мекунад, вале агар тамоми айбҳои ба Парвиз Давлатов пешниҳод шуда дар суд исботи худро ёбанд, ин марди машҳур на камтар аз 10 соли умрашро дар пушти панҷараи маҳбас сипарӣ хоҳад кард. 

Парвиз киро лату кӯб кардааст: ҳамсараш Азиза ва ё Мадинаро? Шахсе, ки Парвиз гӯё то худкушӣ расонидааст кист: Азиза ё Мадина? Ба ин саволҳо танҳо баъди баррасии ин парвандаи пурсару садо дар толори суд метавон ҷавоби аниқ пайдо кард, албатта ба шарте, ки мурофиа дар пушти дарҳои баста сурат нагирад…

Сарчашма: oila.tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.