расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Аз Кӯлоб то Данғара: Президент тағйироти кадрӣ анҷом дод

Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа

Аз Кӯлоб то Данғара: Президент тағйироти кадрӣ анҷом дод


Бахтиёр Назарзода, раиси нави шаҳри Кӯлоб таъйин гардидааст, хабар доданд аз дафтари матбуотии ҳукумати Хатлон. Назарзода то ин вақт дар бахши молии кишвар фаъолият мекардааст.
Ба иттилои манбаъ, Азизулло Шарбатулло низ аз мақоми раиси ноҳияи Восеъ барканор шуда, ба ҷойи ӯ Ҷамшед Шарифзода таъйин шудааст. Шарифзода то ин вақт муовини аввали раиси ноҳияи Данғара буд.
Ноиби дигари раиси ноҳияи Данғара Бунафша Файзиддинзода низ аз мақомаш барканор гардида, аммо мақоми раиси шаҳри Левакандро гирифтааст.
Дар тағйироти кадрии ахир инчунин Даврон Нишонзода роҳбари ноҳияи Дӯстӣ ва Маҳмадаюб Шарифзода раиси ноҳияи Носири Хусрав таъйин шудааст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз фармонҳо дар бораи тағйироти кадриро нашр накардааст. Аммо аллакай муаррифии бархе раисони шаҳру навоҳӣ сурат гирифтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.