расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Раиси ВМКБ Ёгор Файзов аз мансабаш барканор шуд

Асосӣ / Сиёсат

Раиси ВМКБ Ёгор Файзов аз мансабаш барканор шуд

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъди се соли фаъолият аз мақомаш барканор шуд
 Ёдгор Файзов раиси ВМКБ аз мақомаш барканор шуд, дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати вилоят Номбурда 1 октябри соли 2018 ба мансаби раисии ВМКБ расида буд.

Дар ҳамин ҳоло, дақиқ нест, ки ҳамакнун собиқ раиси вилоят ба кадом вазифа таъйин шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ба мақоми раҳбарии ВМКБ Алишер Мирзонабот, ки то ин замон раиси шаҳри Хоруғ буд, таъйин шудааст.

Ёдгор Файзов раиси нави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 57 сол дошта, зодаи деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон аст.

Ӯ Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро соли 1984 хатм карда, соли 1986 дар синни 25- солагӣ котиби аввали комсомоли шаҳри Хоруғ шуд.
Аз соли 1993 то 2018 тӯли 25 сол дар сохторҳои Хазинаи Оғохон кор кардааст.

Солҳои 2004-2018 директори Фонди Оғохони Тоҷикистон буд ва пас аз он раҳбарии ВМКБ — ро пас аз Шодихон Ҷамшед ба зима гирифт.

Сачашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.