расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар Афғонистон 8 кӯдаки як хонавода аз гуруснагӣ ҷон бохт

Асосӣ / Ҳаводис

Дар Афғонистон 8 кӯдаки як хонавода аз гуруснагӣ ҷон бохт


Раҳбари ҷамоати Ҳазораҳо аз фавти 8 кӯдак бар асари гуруснагӣ хабар дод

Дар Афғонистон 8 кӯдак аз як хонавода бар асари гушнагӣ ҷон аз даст доданд. Дар ин бора роҳбари Ҳазораҳо Муҳаммад Муҳақиқ хабар дод ва дар марги ин тифлон ҳукумати «Толибон"-ро масъул хонд.

Сиёсатмадор гуфт, «Толибон»* наметавонанд амнияти мардум, аз ҷумла дастрасӣ ба ғизоро таъмин кунанд. Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки пеши роҳи гуруснагӣ дар Афғонистонро бигиранд.

Ба иттилои Муҳақиқ ин 8 кӯдак аз як хонаводаи камбағал буданд, ки падари онҳо гирифтори саратони мағзи сар шуда, чанде пеш фавтид. Пасон модарашон низ ин дунёро падруд гуфту таъмини 8 фарзанди ятиммондаи онҳо ба дӯши ҳамсоягон монд, ки худ низ зиндагии фақирона доштанд.

Раҳбари Ҳазораҳо мегӯяд, «Толибон»* ҳарчанд аз фавти мармузи ин 8 ноболиғ хабар доранд, вале парвое надоранд.

Қаблан Созмони Милали Муттаҳид эълон дошт, ки то охири моҳи сентябр дар Афғонистон шояд ҳеҷ захираи ғизоӣ боқӣ намонад.

Дэвид Базли, директори иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ хабар додааст, ки гуруснагӣ ба сабаби бӯҳронест, ки пас аз ишғоли қудрат дар кишвар аз ҷониби ҷунбиши радикалии Толибон (созмоне, ки фаъолияташ дар Русия мамнӯъ аст) оғоз шуд, ба 14 миллион нафар дар Афғонистон таҳдид мекунад.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.