расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эмомалӣ Раҳмон дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори дунёl

Асосӣ / Президент / Ҷомеа

Эмомалӣ Раҳмон дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори дунёl

Рейтинги таъсирузортарин мусалмонони ҷаҳон, ахиран нашр шуд, ки раисиҷумҳури кишвар бори ҳафтум шомили он гаштааст.
Исми Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2012 ва номи Саидмукаррам Абдулқодирзода бошад аз соли 2015 ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузор роҳ ёфтаанд.
Дар сархати ин феҳрист дар соли ҷорӣ амири Қатар Шайх Тамим бин Хамад Оли Сонӣ қарор дорад. Пас аз ӯ шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдул-Азиз ва Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон ҷой гирифтаанд.
Ба панҷгонаи аввал ҳамзамон президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни Ҳусейн ал-Ҳошимӣ ва Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ, ки яке аз олимони машҳури ислом мебошад, шомил шудаанд.
Ба TOP-50 инчунин , шоҳ Муҳаммади VI подшоҳи Марокаш, сарвазири Покистон Имрон Хон, валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон, футболбози мисрии клуби англисии Ливерпул Муҳаммад Салоҳ ва ҳамзамон раҳбари гуруҳи террористии "Толибо"* Ҳайбатулло Охунзода низ шомил шудаанд
Ҳамзамон президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Туркманистон - Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров, муфтии Ӯзбекистон Усмон Алимов низ ба ин феҳраст шомил шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки TOP-500 аз бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон сар аз соли 2009 ҳамасола нашр мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.