расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ШАБНАМИ СОБИРӢ АЗ ШАВҲАРАШ ҶУДО ШУД? (ВИДЕО)

Асосӣ / Ҷомеа

ШАБНАМИ СОБИРӢ АЗ ШАВҲАРАШ ҶУДО ШУД? (ВИДЕО)


Шабнами Собирӣ, овозхони 35-солаи тоҷик, охири ҳафтаи гузашта клиптаронаи ҷадидашро, ки дар манзараҳои зебои шаҳри Ҳисор сабт шудааст, интишор кард.

Намоҳанг «Монш брава» унвон гирифта, аз ҷониби маркази продюсерии «Tojikon Holiday», ки ба шавҳари овозхон , продюсери 36-солаи тоҷик Мансур Нигматов тааллуқ дорад, сабт шудааст. Матни суруд моли шоир ва рӯзноманигор Орзу Исоев буда, ба он оҳангсози шинохта Даврони Раҳматзод оҳанг бастааст. Банду басти сурудро Шароф Шакарӣ ва ороиши рӯю мӯйи овозхонро ороишгар Мавзуна анҷом додаанд.

Клиптаронаро аз рӯзи нашраш то ҳол дар саҳифаи «T Music Awards» дар шабакаи YouTube зиёда аз 30 ҳазор нафар тамошо кардаанд. 

Шабнами Собирӣ тариқи суруд аз рафтани ёри бевафову булҳавасаш изҳори хушнудӣ кардааст. Баъзе корбарон баъди тамошои клиптарона навиштаанд, ки овозхон аз шавҳараш ҷудо шудааст ва ин суруд маҳз ба Мансур Нигматов дахл дорад. Аммо овозаи ҷудо шудани Шабнам ва Мансур, ки зиёда аз 10 сол боз бо ҳам зиндагӣ мекунанду соҳиби се фарзанд ҳастанд, асоси воқеӣ надорад. Шабнам пайваста дар мусоҳибаҳояш қайд мекунад, ки на ҳар суруде, ки ӯ месарояд, ба ҳаёти шахсияш алоқамандӣ дорад.

Сарчашма: ​oila.tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.