расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ​​ба Афғонистонро идома медиҳад

Асосӣ / Сиёсат

Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ​​ба Афғонистонро идома медиҳад


Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро тибқи қарордод бо ширкати энержии афғонии «Брешно» дар авоили соли 2021 иҷро мекунад.

Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро идома медиҳад. Дар ин бора ба РИА Новости роҳбари маркази матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар додааст.

«Тоҷикистон содироти барқ ​​ба Афғонистонро тавассути ду хатти интиқоли 110 ва 220 киловатт, ки ба миқдори 350 мегаватт дар як рӯз аст, қатъ намекунад», — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро тибқи қарордод бо ширкати энержии афғонии «Брешно» дар авоили соли 2021 иҷро мекунад.
«Мо маблағашро мегирем. Нархи як киловатт нерӯи барқ барои хати интиқоли -110 3,5 сент, барои хати интиқоли барқ -220 -4,5 сент дар охири ҳар моҳ аст ва ман фикр мекунам, ки Афғонистон шартҳои шартномаро вайрон намекунад», — гуфт Ёдгорӣ.

Мувофиқи маълумоти ниҳодҳои марбута, Тоҷикистон дар 7 моҳи соли 2021 барои тиҷорати барқ беш аз 55 миллион доллар дарёфт кардааст.
Ҳаҷми содироти нерӯи барқ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 25%афзоиш ёфтааст.

Рӯйхати дақиқи харидорони нерӯи барқ аз Тоҷикистон ифшо нашудааст, аммо маълум аст, ки харид аз ҷониби Ӯзбекистон ва Афғонистон сурат гирифтааст.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.