расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Воридоти орд ба Тоҷикистон кам гаштааст

Асосӣ / Иқтисодиёт

Воридоти орд ба Тоҷикистон кам гаштааст


Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар додааст, ки аз аввали соли равон ба Тоҷикистон воридоти орд ва гандум коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳафт моҳи соли равон воридоти орд нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2020 беш аз 25 ҳазор тонна ва воридоти гандум 2,2 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ ба ҷумҳурӣ зиёда аз 25 ҳазор тонна орд ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50 дарсад камтар аст.

Дар ин давра инчунин ҳаҷми воридоти гандум нисбат ба соли гузашта — 2,2 дарсд коҳиш ёфт. Дар моҳҳои январ-июли соли равон ба ҷумҳурӣ тақрибан 520 ҳазор тонна гандум ворид карда шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, Қазоқистон таъминкунандаи аслии орд ва гандум ба бозори Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Раёсатҳои марбутаи ҷумҳурӣ иддао доранд, ки то имрӯз тақрибан 90 дарсади талаботи дохилии Тоҷикистон ба орд тавассути истеҳсоли ватанӣ (коркард) қонеъ карда мешавад.

Зимнан, аз аввали соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 795 ҳазор тонна гандум тавлид шудааст.

Сарчашма: pressa.tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.