расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Пас аз 20 сол ҷанг, охирин нерӯҳои Амрико аз Афғонистон берун шуданд

Асосӣ / Сиёсат / Ҷаҳон

Пас аз 20 сол ҷанг, охирин нерӯҳои Амрико аз Афғонистон берун шуданд


Вазорати дифои Амрико эълон кард, ки рӯзи душанбеи 30-юми август охирин нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон берун шуданд ва ба ин тартиб, ҳузури низомии 20-солаи ИМА дар Афғонистон поён ёфт.

Амалиёти хуруҷи низомиёни амрикоӣ танҳо чанд соат пеш аз фаро расидани муҳлате, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури ИМА, муайян карда буд, рух дод. Ҷо Байден дар ҳоли ҳозир барои хуруҷи саросемавори нерӯҳо, ки боиси пешравии Толибон ва суқути Кобул шуд, аз сӯи мухолифонаш интиқод мешавад.

Хабари хуруҷи комили нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро генерал Кеннет Меккензи, фармондеҳи Ситоди марказии ИМА эълон кард. Ба гуфтаи Пентагон, сафири муваққати ИМА дар Афғонистон низ аз ҷумлаи охирин мусофирони парвози C-17 буд, ки ин кишварро тарк кард.

Вашингтон ва НАТО, ки пешбинӣ накарда буданд Толибон битавонанд ба ин суръат ҳамаи қаламрави Афғонистонро ишғол кунанд, маҷбур ба хуруҷи шитобзада аз ин кишвар шуданд. Вале ҳазорон ҳамкори афғони нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон монданд.
Фармондеҳи Ситоди марказии артиши Амрико изҳор дошт, ки даҳҳо шаҳрванди амрикоӣ, ки натавонистанд худро ба фурудгоҳи Кобул бирасонанд, аз ин парвоз ақиб монданд. Вай ба хабарнигорон гуфт, «масоили нороҳаткунандаи бисёре дар робита бо ин парвоз вуҷуд дорад. Мо натавонистем ҳама он касонеро, ки мехостем, бо ин парвоз аз кишвар хориҷ кунем. Бо ин ҳол, ба назарам ҳатто агар даҳ рузи дигар ҳам мемондем, боз ҳам наметавонистем ҳамаро берун кунем».

Аз рӯзи 15-уми август, ки Толибон тавонист пойтахро ишғол кунад, то кунун беш аз 122 ҳазор нафар Афғонистонро тариқи Фурудгоҳи байналмилалии Кобул тарк карданд.

Амрико ва кишварҳои ғарбӣ талош карданд, ки шаҳрвандони худ ва низ тарҷумонҳо, кормандони маҳаллии сафоратхонаҳо, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорон ва дигар афғонҳоеро, ки бо хатар рӯбарӯ буданд, наҷот диҳанд.

Ду руз қабл низ Вазорати дифои Бритониё эълом карда буд, ки бо берун кардани 15 ҳазор нерӯи низомии худ, ба ҳузури низомии 20-солаи худ дар Афғонистон поён додааст.

Сарчашма: ​ozodi.org​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.