расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Боз як духтарчаро мисли Руфейда таҷовуз ва қатл карданд

Асосӣ / Ҷомеа / Ҳаводис

Боз як духтарчаро мисли Руфейда таҷовуз ва қатл карданд


Мардуми Тоҷикистон пас аз ҳодисаи қатли Руфейда ба худ наомадаанд, аммо ВКД аз ҳолати дигари таҷовузу қатли бераҳмонаи духтари хурдсол дар ноҳияи Хуросон хабар медиҳад.

Марди 45 — сола дар ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон духтари 9-соларо таҷовуз карду ба қатл расонд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки ин ҳодисаи нангин, нисфирӯзии 16-уми август рух додааст.

Ба нақли ВКД, марди 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Ӯ дар ҳолати мастӣ духтарчаи 9-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолирро ба манзили истиқоматиаш оварда ӯро таҷовуз кардааст.
«Ӯ дидаву дониста, ки номбурда хурдсол буда, дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, бо номбурда ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом дода, бо тариқи маҷбурӣ 2-маротиба ба номусаш таҷовуз намудааст», — омадааст дар хабарнома.

Сипас, гумонбаршаванда бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содир намудааш, духтарбачаи хурдсолро ба саҳни ҳавлии манзили истиқоматиаш бурда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан аз гарданаш бӯғӣ намуда, ба қатл расонидааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 104 қисми 2 ва 138 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Сарчашма: pressa.tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.