расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 25 ҳазору 200 сомонӣ - ҳамин қадар аст нархи хидмати алтернативӣ дар артиши Тоҷикистон

Асосӣ / Ҷомеа

25 ҳазору 200 сомонӣ - ҳамин қадар аст нархи хидмати алтернативӣ дар артиши Тоҷикистон


Ҳукумати Тоҷикистон арзиши маблағи пардохт барои хидмати алтернативӣ (ҷойгузин) дар артиши кишварро муқаррар намуд, хабар дод сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадализода.

Ин маблағ ба 420 нишондиҳанда барои ҳисоб баробар аст. Як нишондиҳанда барои ҳисоб айни замон 60 сомониро ташкил медиҳад.

Акнун хоҳишмандон метавонанд муҳлати ду соли маъмулӣ дар артиш хидмат накарда, ба ивази он дар муддати 1 моҳ дар ҷамъомади ҳарбӣ иштирок кунанд. Барои ин ба давлат 25,2 ҳазор сомонӣ (2,2 ҳазор доллар) малағ пардохт кардан лозим аст. Маблағи мазкур вобаста ба дигар шудани нишондиҳанда барои ҳисоб тағйир ёфта метавонад.

Ҷовид Пирзода,  сардори шуъбаи назорат ва таҳлили Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қаблан дар ин робита изҳор намуда буд, ки минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо супоридани маблағи муайян ва адо кардани хидмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гарданд.

Ҳамаи шаҳрвандони аз 18 то 27-солае, ки қобил ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҳастанд ва ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хидмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ба таври ихтиёрӣ бо супоридани маблағ хидмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намоянд».

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 20 январ ба таҳрири нави қонун «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ» мувофиқат кард.

Мувофиқи тағйирот, дар ҷумҳурӣ намуди нави хидмат барои ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷорӣ мешавад. Муҳлати он як моҳ ва бо пардохти маблағи муайян пешбинӣ гардида, ба хатмкардагони макотиби олӣ низ акнун лозим меояд, ки дар артиш як сол хизмат кунанд. Хатмкунандагоне, ки як сол хизмат кардан намехоҳанд, низ бояд бо пардохти маблағ як моҳ хизмат кунанд.

Зимни шарҳи ин тағйирот ба вакилон вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо зикр карда буд, ки «ҳамасола ҳамагӣ ҳудуди 10% ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват шуда, боқимонда 90% аз хизмат канор мемонанд».

»Барои ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ намуди нави хизмат ташкил мешавад: дар муддати як моҳ бо пардохти маблағи муайян онҳо маҳорати гузаштан аз хизмати ҳарбиро меомӯзанд. Бо анҷоми ин курсҳо ба онҳо шаҳодатномаи ҳарбӣ дода мешавад», — гуфта буд вазири мудофиаи Тоҷикистон.

Сарчашма: ​asiaplustj.info​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.