расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАРДРО БО 3 ФАРЗАНДАШ КУШТАНДУ...

Асосӣ / Ҳаводис

МАРДРО БО 3 ФАРЗАНДАШ КУШТАНДУ...


Инсон бузургтарин ва зеботарин офаридаи Худованд аст ва офаридгор ба хотири муҳаббати беандозае, ки нисбат ба ин офаридааш дорад, одамро тоҷик махлуқот номида, барояш беҳтарин неъматҳо, аз ҷумла ақлу хирадро ҳадя намудааст, вале шахсони бехирад ва золиме низ ёфт мешаванд, ки ба номи неки инсон иснод меоранд. 

Рафтори ин тоифаро дида, кас ба ваҳшат меафтад ва андешае дар майнаат чарх мезанад, ки бадтарин ва бераҳмтарин офаридаи илоҳӣ одам будааст. Рафтори ду марди бераҳм ва хунхор ки ҳатто ба кӯдакони бегуноҳ заррае тараҳҳум накарда, аҳли як хонаводаро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидаанд, далели равшани ин гуфтаҳост.  

Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти ду сокини ҷамоати деҳоти Ҷумсангири ноҳияи Ҷайҳуни Вилояти Хатлон бо иттиҳоми куштор хабар додааст. Боздоштшудагон, ки яке 37 ва дигарӣ 33 сол дорад, дар қатли аҳли як хонавода муттаҳам дониста мешаванд. 

Ба итилои манбаъ, ин ду марди ташнаи хун мисли дарранда ба хонаи яке аз сокинони ноҳияи Ҷайҳун даромада, марди соҳибхонаро бо се фарзанди хурдсолаш, ки яке 8, дигарӣ 14 ва саввумӣ 14 сол доштааст, ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонидаанд. 

Айни замон нисбати боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишоти ҷузъиёти дигари ин қазияи хунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Сарчашма: oila.tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.